ЗИНДАВУ ПОЯНДА БОД ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДИИ ТОҶИКИСТОН

     АНДЕША: Сӣ сол муқаддам мардуми мо ба дастоварди бузургтарини таърихи навини худ Истиқлоли давлатӣ ноил гардиданд. Ҳарчанд, ки сӣ сол дар муқоиса бо таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик ва анъанаҳои давлатдории он мудати чандон тулонӣ нест, вале дар сарнавишти мардуми мо ин давра як марҳалаи озмоиши ҷиддии таъмини сулҳу субот ва бунёди давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Яъне истиқлол дар сарнавишти мардуми мо тағйиру таҳаввулӣ куллӣ ва дигаргунии бунёд ба вуҷуд овард. Аз ин рӯ ин сисола бо ҳама дастоварду пешрафтаҳои давлатӣ миллиамон, ки мо ба онҳо бо заҳмати содиқонаву софдилонаи мардуми шарифи кишвар таҳти сиёсати пешгирифтаи Ҷаноби олӣ, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил шудем, дар ҳақиқат арзиши садсолаҳоро дорад. Дастоварди бузуртарини мо дар замони Истиқлоли давлатӣ сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки мо ба ин неъмати зиндагибахш бо баҳои гарон ва заҳмати ниҳоят зиёд муяссар гардидем. Бинобар ин, қарзи инсонӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки ин неъмати бузургро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз кунем. Ба шарофати сулҳу суботи сартосарӣ дар тамоми қаламрави кишвар раванди ободониву бунёдкорӣ вусъати бесобиқа пайдо карда танҳо дар се соли охир дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат зиёда аз 25 ҳазор иншооти таъиноти гуногун сохта ба истифода супорида шуд, ки дар онҳо садҳо ҳазор ҳамватанони мо соҳиби ҷойи кор шуданд. Ин рӯзи муборак, ки дар саҳифаҳои таърихи навини Ватанамон бо хатти заррин сабт шудааст, барои мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо санаи барқарор гардидани адолати таърихӣ, яъне соҳиби давлатдории мустақилӣ гардидани миллати тоҷик ва дар арсаи байналмилалӣ парафшон шудани Парчами давлати тоҷикон мебошад. Сабақи муҳимтарини солҳои вазнини ҳаёти халқамон аз он иборат аст, ки амалӣ шудани нияту орзуи ҳар як сокини мамлакат, пешрафти давлат ва ободии Ватан танҳо дар шароити ороми, сулҳу суботи сиёсат ва ваҳдати миллӣ имконпазир мебошад. Яъне ҳамаи мо шаҳрвандони Тоҷикистон вазифадор ва масъул ҳастем, ки сарҷамъу муттаҳид бошем, сулҳу субот бо қимати ниҳоят гарон бадастовардаамонро ҳифз кунем, манфиатҳои милливу давлатиро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузорем ва ба хотири ободии Ватан, рушди давлат ва таъмин кардани зиндагии шоистаи халқамон содиқона, софдилона ва аҳлона заҳмат кашем. Мо бояд ба қадри ин неъмати муқаддастарину азизтарини ҳаётамон расем, барои ҳимояи ин дастоварди бузурги таърихӣ ҳамеша омода бошем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллиро боз ҳам таҳким бахшем. Зиндаву поянда бод истиқлолу озодии Тоҷикистон! Ҷовидон бод сулҳу, оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллии мардуми шарафманду тамаддунсози Тоҷикистон! Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Имомхатиби масҷиди деҳаи Дмитров, Ҷамоати шаҳраки

Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён Сафаров Имомалӣ

Миёна: 5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.