АНДЕША: Зери таассуроти тантанаҳои истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатиамон, ки ҷашни милливу муқаддас ва санаи мубораки тақдирсоз дар ҳаёти кишвари мо маҳсуб меёбад, қарор дорем ва бо хушбахтии бепоёну шукргузории беохир дар фазои амну осоиши Ватани маҳбубамон-Тоҷикистон умр ба сар мебарем. Шукри Худованд, давроне бароямон даст додааст, ки дар он гурӯҳ ва ё ташкилоти характери оппозитсионӣ дошта, дигар вуҷуд надорад. Зеро ҳоли парешону рӯзгори ноором, ки бо дасисабозиҳои кабириҳо замоне бароямон насиб гардида буд, фаромӯш ношуданист ва нобахшиданист! Нангу ор ва номусу шарафи инсонӣ аз ҷумлаи сарватҳои маънавии Инсон аст, ки тарбият ва ҳифз карда тавонистани он аз бузургии шахс ва камолоти одами дарак медиҳад. Ташаккули он аз рӯзи ба дунё омадан то ба воя расидан дар замири инсон сурат мегирад. Ҳамагуна хислатҳои одамӣ ба тарбият эҳтиёҷ дошта, нафъ ва ё зарари он ба ҷамъият эҳсос мегардад. Мардуми кишвар ваҳдати 24 соларо чун гавҳараки чашм ҳифз менамояд. Ваҳдати миллӣ самари сарҷамъиву муттаҳидии мардумони Тоҷикистон таҳти сарварии Асогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Таҷриба ва мушоҳидаҳои зиндагӣ нишон медиҳанд, ки на ҳамаи инсонҳои аз таҷрибаи зиндагӣ пухташуда аз хисоли накӯи оросташудаву аз камолоти одамӣ баргузида мебошанд. Воқеият аст, ки танҳо нафари соҳибилму соҳибдониш дар замираш нангу ор ва шаъну шарафи баланди миллии таҷовузнопазир дорад ва ҳозир аст барои ҳифзи он ҷони азизашро фидо намояд.Бо ифтихор мегӯем, ки имрӯзҳо фарзандони бошарафи Тоҷикистон паҳлӯи ҳамдигар барои дар амну суботи комил нигоҳ доштани давлати навбунёд заҳмати содиқона кашида, дар партави сиёсати хирадмандонаи фарзанди накӯноми миллат, Пешвои миллатамон, муттаҳид гардида, бо нангу номуси миллӣ устуворона қадам пеш мегузоранд. Тоҷикистон-ватани маҳбуби мост ва ба гулистони ҳақиқӣ табдил додани он вазифаи ҷонӣ ва қарзи фарзандиву шаҳрвандии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад.
Зинда бод, Истиқлолияти давлатӣ,Ваҳдати Миллӣ, Зиҳи Президенти мамлакат!!!
Директори МТМУ №8-и
ноҳияи Кӯшониён, Зокирова Г