Душманони миллати тоҷик ба ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои осоиштаи кишвари моро халалдор намоянд

     АНДЕША: Агар мо ба таърихи пайдоиши Ҳизби Наҳзати Ислом рӯ оварем, мебинем, ки дар ибтидо он як нерӯе буд, ниқоби дин дар чеҳра. Ин ҳизб тадриҷан тавассути ҳиллаву найранг ва бо истифодаи номи поки ислом, таъвилу таҳрифи оятҳои Қуръонӣ одамонро фирефта, ба коми худ кашид. Гурӯҳе гумон карданд, ки ҳизби наҳзати исломӣ адолатро ҷорӣ мекунад ва онҳо дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ хоҳанд кард, аммо вақт нишон дод, ки ҳадафи аслии ин ҳизб танҳо ва танҳо ба даст овардани ҳокимияту давлату сарват будааст. Сарварону думравони ТЭТ Ҳизби Наҳзати Ислом ҳаргиз иқрор шудан намехоҳанд, ки ҳамчун силоҳ ва сипар истифода кардани дини пок бузургтарин гуноҳ, хиёнат ба фармудаҳои инсондӯстонаи Паёмбар аст. Ҳадафҳои волои дини Ислом мусоидат ба зиндагии поку осоишта ва пурсароҳату бунёдкоронаи мардум аст на ҷангу пархошу часпу талош ва мансабу қудрат. Душманони миллати тоҷик ба ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои осоиштаи кишвари моро халалдор намоянд. Аз хориҷ истода тақдири тоҷиконро ҳал карданӣ мешаванд, ин тоифаи нотавонбин. Тариқи телевизионҳои моҳворагӣ ва шабакаҳои интернетӣ онҳо ба халқи азизи мо таҳдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурӣ ва Ҳукумати кишварро, ки ба таъмини сулҳу субот ва пешрату тараққиёти мамлакат равона карда шудааст, мавриди интиқод қарор медиҳанд. Мехоҳанд бо воситаи ашхоси каҷтинату кинавори дохилӣ аз ҷумла, баъзе афроди хиёнатпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиребанд ва онҳоро ба муқобили Ватану миллати худ барангезанд. Мо хуб дар хотир дорем, ки солҳои 90-уми асри гузашта дар майдони “Шаҳидон” чӣ гуна шиорҳо буданд, кадом ояту ҳадис бо тафсиру таҳвилҳои бардурӯғ ноқис ба мардум расонида мешуданд. Шиорҳои иғвобунёди “Озодӣ!”, “Истеъфо!”, “Аз хоби гарон хез!” дар якҷоягӣ бо аҳкоми динӣ пешкаши одамон мешуданд, ки дар натиҷа аз ҷониби тарафдорони ТЭТ ҲНИ таҳривкориҳои зиёде амалӣ мегардиданд. Ҳақиқат хоҳ нохоҳ (баъзан дер бошад ҳам) ошкор мегардад. Имрӯз мо аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бо ном Ислом, ки динро фақат барои фирефтан ва гумроҳ намудани халқ истифода мебаранд, бояд ҷиддан эҳтиёткор бошем, Имрӯз моро ҳам фарзу ҳам суннат аст, ки ёру дӯстон, хешу ақрабо, тамоми ҳамватанонро аз макру ҳилла ва найрангбозиҳои наҳзатиён ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои ба ном Исломӣ ва баъзе одамони дурӯя ва хоинони миллат (Мисли М. Кабирӣ ва пайравони ӯ) огоҳ созем. Халқи шарафманду сарбаланди тоҷик бо раҳнамоиву ҳидоятгариҳои хирадмандонаи фарзанди асилу садоқатпешаи худ, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста пеш меравад, ба комёбиҳои тоза ба тоза шарафёб мешавад ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи шоиста ишғол мекунад. Мо аҳли Тоҷикистони Соҳибистиқлол, комилан ҷонибдори Пешвои муаззами хеш мебошем.

Директори МТМУ №16-и ноҳияи Кӯшониён, Файзуллоев А.

 

Миёна: 5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.