АНДЕША:Тазоҳуроти навбатии занону модарони Афғонистон, ки рӯзи 26 октябр дар шаҳри Қобул ба хотири ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои худ ба амал омад, бори дигар собит намуд, ки воқеан бонувони ин сарзамини паҳновар ҷасорат, шуҷоат ва мардонагии хоссаро дар худ зоҳир менамоянд. Эътирозҳои ҳамешагии хоҳарони озодидӯсту сулҳҷуйи ин кишвар бори дигар аҳли башарро хушдор медиҳад, ки дар ҳамагуна вазъияти хатарноку осебпазир занон қодир ҳастанд, ки ҳамеша аз сулҳ, оромӣ,ҳуқуқу манфиатҳои миллӣ ва шаҳрванди дифоь намоянд ва барои фардои дурахшони сарзамини буми бо нияти муваффақ гардидан, бо қиммати ҷон талош варзанд! Миёни гурӯҳи ҳукуматдорони силоҳбадаст, ки ҳар қадам ваҳшонияте аз сӯйи онҳо содир мешавад, сар боло кардани занону хоҳарони Афғонистон худ мардонагист! Дар ҳамовозӣ аз паёму садоҳои хоҳарони босаводу хушбини ҳамсоя аз созмонҳои амалкунандаи ҷаҳон ва СММ, ки ҳалли масъалаҳои мухталифи ҳаёти гуногунҷабҳаи халқҳоро ба танзим дароварда, пуштибони менамоянд, мепурсидем, ки ба овози хоҳарони афғон гуш бидиҳанд. Дар пеш сардиҳои фасли зимистон интизор аст. Намешояд ҷони инсонҳо, дар минтақае ё нуқтаи дигари сайёра аз беэътинойи ва ё аз бераҳмии нозирони масъули созмонҳои дахлдор ба хотири пуштибонии манфиатҳои сиёсӣ аз гуруснагиву сардиҳо аз даст биравад. Тоҷикистон аввалин давлатест, ки дар ҳодисаҳои бавукӯъ омадаи Афғонистон арзиши оли будани ҳаёти инсонро ба ҷаҳониён ҳушдор дод!
Д.Шукруллозода, муовини раиси ноҳияи Кӯшониён