Ҳамдиёрони азиз!
Бисту ҳафт сол муқаддам, рӯзи 6 ноябр соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи давлатдории тоҷикон Конститутсияи давлатӣ соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати Қонуни Олӣ бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ яъне бевосита аз ҷониби худи халқ бо дарки масъулияти баланд дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва ояндаи кишвар қабул карда шуд. Ин санади муқаддасу тақдирсоз, ифодагари азму иродаи мардум, роҳи минбаъдаи рушду такомули ҷомеаи моро муайян намуд. Ҳар як пешрафти ҷомеаи мо ба шарофати амали 27–соли Конститутсия ба даст омада, пеш аз ҳама таъмини волоияти Қонун, натиҷаи хирад ва заковати фитрии халқи Тоҷикистон аст, зеро халқ созандаи таърих ва ҳаёти мустақилонаи ҳар як давлат мебошад. Эъмори давлати мустақил ва пайваста ба ҷаҳони муосир низ самараи тафаккур ва заҳмати мардуми шарифи кишвар мебошад, ки имрӯз онро бо номи Тоҷикистон мешиносанд ва мавқеи онро дар мавриди ҳалу фасли масоили умумимиллӣ эҳтиром мекунанд.
Таҷлили бисту ҳафтумин солгарди Конститутсияи кишвари соҳибистиқлол, ки бахтномаи давлати тоҷикон маҳсуб меёбад боиси фараҳмандии ҳар як сокини кишвари азизамон буда, хушбахт аз он ҳастем, ки бо эҳсоси ифтихору сарфарозӣ ва дар руҳияи баланди миллӣ ин санаи бузургро ҷашн гирифта истодаем. Бинобар ин аз фурсати муносиб истифода бурда ба ин ҷашни фархундаву муборак, ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азизро самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, рӯзгори неку осоишта ва дар фаъолияти кориатон пирӯзиҳои нав ба навро орзумандам. Ҳар қадар солҳо моро аз давраи қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз дур мебарад, ҳамон қадар аҳамияту зарурати мавҷудияти он дар таҳкими ҳокимияти Конститутсионӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии кишвар ва нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ мазмуну моҳияти муҳимтарро касб менамоянд. Конститутсияи давлатамон, ки меъёрҳои он аз принсипи инсондӯстӣ сарчашма мегиранд, ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози сиёсиву ҳуқуқӣ эътироф гардида, дар он арзишҳои муҳими ҳаётӣ, изҳори ирода ва марому мақсади кулли сокинони кишвар ба таври кушод инъикос гардидаанд.Дар баробари ин Конститусияи кишвар дар пояи андешаи созанда, арзишҳо, суннату анъанаҳои пурқиммати миллии мо ва бо назардошти тафаккур ва таҷрибаи пешқадами ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ таҳия гардидааст, ки онро мутахасси сони варзидаю, бонуфузи риштаи ҳуқуқии ҷаҳон баҳои баланд ва воқеъбинона додаанд.
Бояд қайд намуд, ки Конститутсия волотарин ва пурарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири таърих мебошад. Зеро маҳз бо шарофати Истиқлолият халқи тоҷик соҳиби конститутсияи худ гардид. Дар баробари ин дар арсаи ҷаҳон ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуд ва дар харитаи сиёсӣ бо ҳама хусусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ буда, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.Халқи тоҷик пас аз қабули Конститутсияи нав роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихоб намуд. Барпо намудани чунин давлат эҳтирому риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ваҳдат, таъмини амният ва суботи устувори ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар як шаҳрвандро тақозо менамояд. Ҳамаи ин арзишҳои олӣ ба сифати рукнҳои бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон эътироф шуда, меҳвари фаъолияти давлат ва мақоми он такмил ёфт. Мо ифтихор аз он дорем, ки мардуми шарафманди ноҳияи Кӯшониён дар қатори дигар манотиқи кишвар баҳри пойдор гаштани шохаҳои ҳокимият, эҳтирому арзишҳои миллӣ, эҳёи тамаддуни пурғановати гузаштагони худ, зери партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳмату талошҳо намуда истодаанд. Имрӯзҳо сатҳи зиндагии мардуми мо рӯз аз рӯз боло рафта истода, ваҳдату ягонагии комил дар кишвар ҳукмфармост. Бинобар ин моро зарур аст, ки бори дигар ин сиёсатро ҳамчун сиёсати ягонаи худ қабул намоем.
Ҳамдиёрони азиз!
Дар фарҷоми сухан бори дигар ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азизро ба муносибати 27 солагии Конститутсияи кишвар самимона табрик гуфта ба Шумо бахту саодат, иқболи баланд ва дар кору фаъолиятатон тамоми бурдбориҳоро орзу менамоям.
Сарбаланду саодатманд бошед!