Андеша:Тайи солҳои охир, Кабирӣ хоини миллати тоҷик дар баромаду наворҳояш дар Аврупо бо пуштибонӣ аз хоҷаҳои хориҷии худ суханронӣ карда, ба тарғибу ташвиқи худу пайравони наҳзатиаш даст зада истодааст. Бо ин роҳ ин зархарид, мехоҳад гузаштаи амалҳои террористии худро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ пинҳон карда, наҳзатиёни террористро дар чеҳраи нави дунявию демократию либералӣ нишон бидиҳад. Аммо ба ҳамагон маълум аст, ки ин ҳиллаю найранги Кабирии хоин буда, мақсадаш сафед кардани худу пайравони хунхори наҳзатиаш ва роҳ ёфтан ба баъзе аз ташкилотҳои байналмилалӣ ҷиҳати дар оянда амалӣ намудани мақсадҳои ғаразноку ифротии худ мебошад. Бо ин мақсад мунтазам дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои ифротб бо нашри матлабҳои сохтаю бофта, нисбати давлату миллати тоҷик суханҳои дурӯғину туҳматангез мезананд ва бо ин роҳ, мехоҳад худро миёни мардум ҳамчун «ғамхор», «халқпарвар» нишон диҳад. Вале ҳамаи ин «худсафедкуниҳо»-и ӯ ва пайравонаш ягон натиҷае нахоҳад дод, чунки ҷаҳониён аллакай аз рафтору кирдори ин разилони наҳзатӣ, зулму ситами онҳо нисбат ба мардум, қатлу ғорати аҳолии осоишта дар солҳои 90-ум дар Тоҷикистон, огоҳ ҳастанд ва дар ҳеҷ ваҷҳ, идеяҳои носолими онҳоро, дастгирӣ нахоҳанд кард.
Кабирӣ аз дур истода аз сиёсату иқтисодиёт лоф мезанад, лекин дар ин чанд соле, ки бо ҳизби террористиаш дар кишвар расман амал мекард, вакили мардумӣ буд, барои беҳбудии аҳолӣ манфиати кӯчаке нарасонд. Баръакс чи боигарие, ки миллату давлат дошт ғасб кард, ғорат карда, ба фоидаи худу наздикон ва амалӣ намудани ҳадафҳои нопокӣ гурӯҳӣ худ, истифода бурд. Баъдан таҷриба нишон медиҳад, ки нафари мафкураи динӣ-ифротӣ ва террористӣ дошта дар ягон ҳолат ба арзишҳои миллӣ, демократӣ ва дунявӣ майл намекунад, аз он ҷумла Кабирию пайравони наҳзатиаш. Имрӯз боз ҷавонони соддадили навро ба майдон мехонанд. Ба ҳизби ифротии худ ва ба гурӯҳҳову ҳаракатҳои сиёсии ифротии худ даъват мекунанд, ки ину он медиҳем. Мутаассифона, дарТоҷикистони азизи мо низ аз солҳои 90-уми асри гузашта cap карда, бо пуштибонии хоҷагони хориҷиашон ба ҷанги хонумонсӯз кашида шуд. Аз ин рӯ ҳар як ҷавони миллати куҳанбунёди тоҷикро мебояд, фирефтаи ҳиллаву найранги чунин афроди палиду миллатфурӯш нагашта, ҳар як зарра хоку, ҳар як катра оби поки ин сарзаминро, ҳифзу нигаҳдорӣ кунанд. Зеро, онҳо танҳо дар фикри тору мор намудани ин давлати биҳиштосо, ки номаш Тоҷикистон аст, ҳастанду, заррае қалбҳои сиёҳу пусидаашон, ба тақдири миллати тоҷик, дину мазҳаб ва ояндаи неки фарзандони мо, нахоҳад сӯхт. Чуноне, ки роҳбарияти олии мамлакат таъкид намуданд, имсол мо бояд беш аз ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем. На танҳо ба доми он худбохтагон наафтем, балки дигар бояд ба онҳо маҷоли даҳон кушодан надиҳем. Бояд ҳар кадоми мо мавқеи шаҳрвандии хешро дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ равшан намоем, барои нигаҳдошти Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ худро масъул донем. Зеро, тавре Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ фармудааст:
Воситон аз дасти девона силоҳ,
То зи ту розӣ шавад адлу салоҳ,
Чун силоҳаш ҳасту ақлаш на, бибанд,
Дасти ӯро, в-ар на орад сад газанд.
Гулрухсор Узбекова, директори МТМУ №37-и ноҳияи Кӯшониён