ХИЁНАТ БА ВАТАН - БАДКИРДОРТАРИН ХИСЛАТ ВА НОБАХШИДАНИСТ

     АНДЕША: Амали хиёнат дар арзишҳои ахлоқии инсоният бадтарин амал аст, зеро хиёнат ҳамаи арзишҳои инсониро ботил месозад ва нафари хоин сифати инсониро аз даст медиҳад. Ватан нишон медиҳад ки дар асл иҷрокунандаи дастури роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ва сарпарастони хориҷӣ ин ҳодисаҳоро собит сохт. Хиёнат амали бешарафи ва нобахшиданист, дар мисоли аъзои наҳзатиёни хиёнатпеша М. Садриддин. Дар вокеъ рузгор нишон медихад, ки нафаре, ки даст ба хиёнат мезанад, бешараф, нопок, беномус ва бадсиришт мебошад. Хамин холатро дар мисоли аъзоёни ТТЭ ХНИ бахусус Муҳаммадиқболи Садриддин дидан мумкин аст. Зеро хамаи нахзатиён ба хотири молу сарват, ақли худро бохтаанду, аз бешарафиву бадсириштӣ бар миллати хеш хиёнат мекунанд ва аз ин боз нороҳат ҳам нестанд, ки ин гувоҳ аз хамон гуфтахои болос. Муроҷиати як гуруҳи мардуми Бадахшонро, ки дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия доир намудаанд, тамошо кардам. Солиёни дуру дароз аст, ки бадхоҳону душманони давлати Тоҷикистонро, сулҳу амонӣ, тинҷиву якпорчагӣ ва ободшавии кишвари маҳбуб безобита кардааст ва бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ин неъмати атонамудаи Худовандро аз миллати тоҷик бигиранду тинҷиву амониро барҳам зананд ва бо митингу бо зӯри силоҳу бо ҷангу куштор ба сари ҳокимият биёянд. Ҳамватанони азиз, мардуми бофарҳангу бомаданияти Бадахшонӣ, ки ҳамаги бародарони як миллат, фарзандони як ватан ва шаҳрвандони як давлат ҳастем, шукрона кунем, ки имрӯз мо чунин Ватани тинҷу осуда дорем. Дӯст доштани Ватан аз меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан сарчашма мегирад. Мо мардуми ин Ватан бояд, дар пайи ободияш бикӯшему пойдории тинҷиву оромиро пешаи худ қарор диҳем, на ин ки бо ҳар гуна баҳона осоиштагии мардумро халалдор созему мардумро ба роҳгумӣ барем. Имрӯзҳо бешубҳа, дар сомонаҳои иҷтимоӣ навору паёмҳое, ки диққати истифодабарандагони интернетро ба худ ҷалб мекунанд, кам нестанд. Дар байни ин паёмҳо ҳастанд наворҳое, ки инсонро ба ваҷд меоранд ва бисёриҳо фирефтаи дурӯғу дасисаҳои беасоси онҳо мегарданд. Мо, халқи тоҷик, пас аз ҳазору чанд сол соҳиби давлати мустақил шудем. Шояд дӯстони дар нохунаки мо инро намехостаанд, ки баъди ба ивази ҷони ҳазорҳо нафар фарзандони бегуноҳи модари тоҷик аз ҷанги бародаркушии кишвар раҳо ёфтанамон ҳам бо дили пурғараз торику рӯшан, аёну ноаён ба сӯямон санг мепартоянд. Онҳо ақли фарзандониноасли моро харидорӣ карда ба пояҳои фарҳанги дар тараққиамон теша мезананд, мехоҳанд ба сохтори имрӯза халал диҳанд. Чаро ба садои баланд нагӯем, ки дирафш ҳеҷ гоҳ ба пӯлод кора намекунад, ду-се нафар ватанфурӯш шуд, ҳазорону милёнҳо дар ҳифзи Ватан, дар сангари номуси он истодаанд, то рушду нумӯи Ватан халадор нагардаду дасти нопоке ба моҳу ситораи дурахшони ин сарзамин расоӣ надошта бошад. Дар хотимаи сухан гуфтан мехоҳам, ки хиёнат ба Ватан хиёнат ба модар аст! Ҳар кӣ субҳашро бо ин ният оғоз мекунад, рӯзаш ба шаби тор табдил меёбад. Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик неруву тавони нав бахшида дар қалби ҳар як сокини кишвар шуълаи умедро ба фардои ободу осуда фурузон намуд. Ин руйдоди нодири таърихӣ дар дилу шуури шаҳрвандони кишвар ҳисси эҳтиром ба Тоҷикистони азиз ва муқаддасоти Ватанро устувор гардонида, ба онҳо эътимод бахшид, ки миллати куҳанбунёди тоҷик метавонад танҳо бо ҳамин ғояи наҷотбахш бо ободкориву созандагӣ машғул шавад ва барои ояндагон як ватани ободу зебо ва шукуфон ба мерос гузорад. Имрӯз мо ҷавонони кишвар пайваста аз дастгириҳои сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузорӣ намуда пайваста бар муқобили он нафароне, ки мехоҳанд ҷомеаи моро дар арсаи ҷаҳонӣ паст намоянд ва намегузорем, ки ба чунин корҳои ношоям даст зананд. Нақшаҳои баде ин хоинони миллат доранд ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳад гашт. Мо низ намегузорем ба оромии кишвари азизамон аз тарафи ин шахсиятҳои манфур халале ворид шавад.

Шукронаи Маҳмадализода, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.