ФАҲШҲОИ МУҲАММАДИҚБОЛИ САДРИДДИН

     АНДЕША: Маводи филми Бешарафӣ ба таври аёнӣ ва аз нигоҳи илмӣ равшан месозад, ки чӣгуна муҳити носолими оилавӣ ва гурӯҳӣ метавонад сарнавишти як инсонро тираву торик гардонад. Дар оилаи хурофотии Қаландари Садриддин, ки баъзеҳо ӯро Мулло Қаландар меномиданд, ба дунё омада, Муҳаммадиқболи Садриддин аз хурдӣ бо фисқу фасод мувоҷеҳ гардидааст. Падаре, ки шуғлу касби муайян надошт, дар дин саводи кофиро соҳиб набуд ва бар замми ин, одитарин хислатҳои ахлоқии ҳамидаро надошта, даст ба дуздию таҷовузи чорво задааст, танҳо фарзанди нохалаферо чун Муҳаммадиқболи Садриддин тарбия карда метавонад. Дар солҳои минбаъда ин шахс дар муҳити гурӯҳи хоинони наҳзатӣ ба воя расидааст, зеро падараш яке аз муассисони Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ буд. Маҳз ҳамин муҳити носолими наҳзатиён боиси ташаккули минбаъдаи чунин ҳаёту фаъолияти бешарафонаи Муҳаммадиқболи Садриддин ва даҳҳо аъзои дигари ин созмони ифротгаро шудааст. Филми мустанди «Бешарафӣ», ки саркардаи пойгоҳи “Ислоҳ.нет” – Муҳаммадиқболи Садриддин ҷавҳари тинат ва равони носолими натанҳо ин шахс, балки ҳар як хоини наҳзатиро ифшо мекунад. Аз наворҳо бармеояд, ки Муҳаммадиқболи Садриддин соҳиби тамоми хислатҳои манфию манфури инсонӣ аст: хурофотӣ, бесавод, танфурӯш, тангназар, мутаассиб, қаллоб, палид, дурӯғгӯю, туҳматчӣ, худсито, нешдору нешзан, хуллас, ки бешараф. Ин хислатҳоро ба тамоми аъзои ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ нисбат додан имкон дорад, зеро таҳлили фаъолияти онҳо дар солҳои охир нишон медиҳад, ки муҳити носолими наҳзатиён ҳамаи онҳоро омили чунин хислатҳои бешарафона кардааст. Дар филм, чунон, ки таъкидгардид ҷабрдидагоне, ки ба суд муроҷиат кардаанд, аз қарздор будани Муҳаммадиқболи Садриддин сухан меронанд, ки бо роҳи фанду фиреб ва истифода аз маъниҳое, чун «муъмин бародари муъмин» маблағҳои калоне аз онҳо гирифтаву барнагардонидааст. Вале дар баробари ин, аз маводи филм маълум мегардад, ки бо маблағҳои аз танфурӯшӣ, аз ҳоҷагони хориҷӣ ба даст овардааш ва аз ҳисоби дуздидаҳои падараш бо номи Мулло Қаландар, ки ҳаққи ҳалоли гурезагони тоҷикро дар Афғонистон мунтазам бешарафона азхуд кардааст, Муҳаммадиқболи Садриддин дар Тоҷикистон моликияти зиёде харидорӣ намудааст. Ин ноҷавонмард ҳоло дар давлатҳои Аврупо буда, бар зиди давлати азизамон Тоҷикистон суханҳои қабеҳ ва дурӯғ гуфта, мехоҳад давлати соҳибистиқлоли азизамон Тоҷикистонро ба вартаи ҷангу ҷидол табдил диҳад. Мо ҷавонони бо нангу номӯси ин ватан бояд аз ин гуна шахсиятхои пасту ватанфӯруш дури ҷӯста ба ҳаргуна суханҳои дурӯғу бофтаи онҳо бовар накарда барои бозҳам ободу зебо гаштани кишвари азизамон кӯшиш намоем. То ин ноҷавонмардони ватанфӯруш донанд ки ба хостаҳои нопокашон намерасанд.Чуноне дар урфият мегӯян «Адабро аз ки омӯхти - аз беадабон» Мо ҷавонон бояд ин рафторҳои ноҷавонмардонро дида дарк намоем, ки ин шахсиятхо беадабу бадхоҳонанд.

Фақирова Дилноза, гирандаи Стипендияи Президентӣ, хонандаи синфи 10 - и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ №1- и ноҳияи Кӯшониён.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.