Вокуниш: Чанд вақт аст, ки як зумра хоинони миллати тоҷик дар давлатҳои Аврупо панаҳ бурда, хешро мазлуму зулмдида меҳисобанд ва аз худ ҳомиву пуштибони дини мубини ислом тарошида, чунон вонамуд мекунанд, ки аз онҳо дида донандаи улуми дину масоили илми шариат нест ва ба ин васила диққати мардумро ба худашон ҷалб кардан мехоҳанд. Ин тоифа бо барномаҳои пур аз таҳқиру ғайбату дурӯғ ва дигар амалҳо зидди давлату миллати худ баромад карда истодаанд. Махсусан, Иқболи Садриддин дар баромадҳои худ аз таҳқир, ғайбат, дурӯғ, таъна задан, захми забон, дашному носазо гуфтан, беобрӯ ва бадном кардан, тақлиди садои касе барои масхара кардан ва ғайраҳо бараъло истифода мекунад. Иқбол як масхарабози гузаро, лаққӣ, сергапу серҷоғ буда, бо ин роҳ маблағ ба даст меорад. Барномаҳои худро дар Ютуб тавре ба намоиш мегузорад, ки гӯё пахши мустақим бошад, лекин дар асл онро сабт кардаву хуб коркард карда, баъд манзури тамошобинон мегардонад. Нафароне, ки ба ӯ занг зада, суханони ӯро тарафдорӣ менамоянд, аз онҳо қаҳрамон тарошида, бо ин шахсони содаву зудбовар дурудароз суҳбат намуда, бо нафароне, ки гуфтаҳояшро ҷонибдорӣ намекунанд, зуд алоқаро қатъ карда, садои онҳоро нашунавонидаву ба онҳо имкони сухан намедиҳад. Ин нафаронро чоплус ҳисобида, чӣ тавре, ки дар боло қайд қардем, ба таҳқиру носазогӯӣ мепардозад. Дар бисёр ҳолат аз суҳбати якка ба якка канораҷӯӣ намуда, якчанд нафари гумроҳро ба сӯҳбат ҳамроҳ мекунаду бо ин роҳ худро аз ҳолати ногувор раҳоӣ мебахшад. Хуллас, ба ин восита рӯз мегузаронад. Рӯзи сиёҳ! Агар мусулмони воқеӣ мебуд, ҳеҷ гоҳ ба ин роҳ намерафт. Чунки бо ин ҳама амалҳое, ки дар боло номбар кардем, танҳо ва танҳо гуноҳ мегирад, дигар ҳеҷ. Ҳарфи бадро бар лаб овардан хатост, Кофару муъмин ҳама халқи Худост!
Ҳасан Ғуломов, Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён