"Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат"

      АНДЕША: Мо ҷавонони миллатем, Ояндасози давлатем. Ҷавонон давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеъии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи давлат ва миллат мебошанд. Қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Онҳо дар маркази таваҷҷуҳи хоссаи пешвои миллат қарор доранд, зеро ободии давлат дар дасти ҷавонон аст. Онҳо бо муттаҳидӣ, якдилию якзабонӣ, дӯстию рафоқат, ватандӯстӣ, меҳнатқаринӣ ва ҳисси нангу номус метавонанд, ки неруи бузӯрг ташкил дода, ватанро ободу зебо ва ба сатҳи баланди тараққиёт расонанд. Аз ин хотир аст, ки Пешвои хирадманду дурандеши мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбари давлат интихоб шуданашон бо ҷавонон суҳбатҳо ороста, ҳисси нангу номуси ватандориро дар замири онҳо бедор кард. Ин ифтихори мо ҷавонон аст, ки чунин сарвари ғамхору меҳрубон ва оқилу доно дорем. Ӯ чунин шахсияти олимартабаест, ки дар сиёсати хирадмандонаи давлатдории хеш маорифро дар ҷойи авал мегузорад. Ӯ медонад, ки агар насли наврасу ҷавони кишвар босаводу ботарбия бошанд, ҳеҷгоҳ ба роҳи нодуруст намераванд. Баъзеҳо чунин мепиндоранд, ки ин ҳама мактабу китобхонаҳо чи лозиманд, дар сурате, ки ҷой кори дар кишвар нест? Аммо онҳо фикр намекунанд, ки он ҷавонону наврасоне, ки ба таҳсили хуб фаро гирифта шудаанд, метавонанд дар оянда даст ба ихтироот, кашфиёт, бозсозӣ зада, ҳазорон ҷой кори пайдо кунанд. Инро ҳаркас фахмида наметавонад, ки Пешвои мо пештар аз мо мешунавад, мебинад ва дарк мекунаду дар фикри мост. Ӯ сармоягӯзории худро дар ҷойи боэътимоде кардааст. Масалан, озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», « Илм – фурӯғи маърифат», « Тоҷикистон ватани азизи ман» барои кашфи истеъдодҳои навин ва водор намудани тамоми қишри ҷомеа ба илмомӯзӣ замина гӯзоштааст. Беҳуда нагуфтаанд: Пояи давлат набошад бе маориф устувор, Давлати поянда хоҳӣ рӯй бар мактаб биёр. Мо ҷавонони насли наврас ба ин ҳама ғамхории Пешвои муаззамамон бояд подоши хубе диҳем. Подоши мо хондан, илм омухтан ва дар амал ҷори намудану дар сатҳи ҷаҳон муаррифӣ намудани Тоҷикистони биҳиштосо, макони амну амонӣ, сулҳу дӯсти аст. Оре Тоҷикистон маконест, ки дар фазои амну амони он кабутари сулҳ ҳамеша дар парвоз аст. Мо тоҷикон мардуми сулҳофарем ва вазифаи мо ҷавонон аст, ки насли ояндаро ҳам дар ин роҳ равона созем. Пешвои миллат бо ба даст овардани дили ҷавонон ва диққати ҷиддӣ додан ба онҳо кори бузӯргу самараовареро анҷом додааст. Насли ҷавонро Пешво, Бо ин паёмаш шод кард. Дар марз – марзи қалбашон, Гулбоғҳо бунёд кард. Ҳоло ман бо дидани шавқу ҳаваси ҷавонон ба илмомӯзӣ ва шунидани Паёми пешвои миллат, ки мо ҷавононро пояи асосии давлат медонад, бо боварии том гуфта метавонам, ки Тоҷикистон шод бош, ҷавонони миллати ту камари ҳимат бастаанд то ватани хешро ба ҷон баробар дӯст доранду ҳифз намоянд. Мо ҷавонон пайравони Пешвои миллатем ва фақату фақат рӯй ба ҳадафамон меорем: Тоҷикистон! Ба пеш! Ба пеш! Ба пеш! Насли Истиқлолу Сулҳу Ваҳдатем, Пайравони Пешвои миллатем.

Мунисаи Шомаҳмад, гирандаи Стипендияи Президентӣ, хонандаи синфи 11- и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ рақами 62- и ноҳияи Кӯшониён.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.