АНДЕША: Тайи солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароӣ ва динию мазҳаби бо амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилона авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд. Ин вабои аср буда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъсири худро расонида истодааст. Яке аз падидаҳои номатлубе, ки имрӯз хусусан дар байни ҷавонон ба миён омада истодааст, терроризм ва ифротгарои мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ зуҳуроти номатлуб буда, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуштаҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини рӯҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст. Терроризм ва ифротгароӣ дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон, яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботи ва вайронкорӣ меорад. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу даҳшат ва ноумедӣ афкандан аст. Ин ҳодисаҳо ва амалҳои номатлубу ваҳшиёна мо ҷавононро водор менамоянд, ки дар атрофи сиёсати сулҳҷуёна ва инсонпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам зичтар муттаҳид гардида, ба муқобили терроризму экстремизм ва ҳама гуна падидаҳои номатлуби замон муборизаи беамон барем.
САВЗАЛИЗОДА МУРОДҶОН, гирандаи Стипендияи Президентӣ, хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ рақами 70 - и ноҳияи Кӯшониён.