АНДЕША: Вобаста ба вазъи буҳронии ҷаҳонӣ муосир, мураккабшавии фазои геополитикӣ, ошкоро сурат гирифтани таҳдиду хатарҳо, аз ҷумла мубориза бо терроризму ифротгароӣ, коҷоки маводи мухаддир ва силоҳ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, муҳоҷирати ғайрирасми ва дигар вазифаҳои мубрами амниятӣ, нуқтаҳои асосии Паёмро ташкил кард. Дар шароити печидаву мураккаби ҷаҳони муосир таъмини амнияти милливу давлатӣ, ҳифзи истиқлолият, арзишҳои милливу давлатӣ ва дастовардҳои он, тақвияти кори ваҳдати миллӣ ва сулҳу оромӣ дар баробари чор ҳадафи миллӣ қарор гирифт! Аз Паём 3 нуқтаи муҳимро ҳамчун муроҷиати Пешво ба мардум бардошт кардам.
1. Роҳи тайкардаи давлатамон тӯли 30 соли соҳибистиқлоли ва дастовардҳое, ки дар ин солҳо ба даст овардаем, як нуқтаро возеҳу равшан собит намуд, ки мардуми тоҷик дар вазъияти буҳронии ҷаҳони муосир метавонанд, ки Ватани муқаддаси худро ҳифз намоянд, онро обод намоянд ва нуфузу обруи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд.
2.Солҳои охир вазъи ҷаҳон хело мураккаб гардида, мушкилотҳои гуногуни глобали пешоруйи ҳар кишваре қарор дорад. Таҳдиду хатарҳо печидаву ошкоро ва руирост шиддат гирифта, ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву мадании кишварҳо таъсири манфӣ расонида истодааст ва хатари аз байн рафтани кишваре ё тамаддуне мегардад. Аз ин рӯ, ҳамеша аз соҳибдавлат ва соҳибватан будани худамон шукрона намоем, дар шароити имрӯза бо сабру таҳаммул ва ҳушёру зирак бошем. Ба якдигар кӯмак расонем, ба ятимон ва оилаҳои камбизоат ғамхорӣ намоем. Ватанамонро сидқан дӯст дорем ва фарзандонамонро дар рӯҳияи баландӣ ватандустӣ тарбия намуда, ба миллат, ба ватан, ба давлат ҳечгоҳ хиёнат накунем!
3. Дар рӯзгори мо мушкилоту камбудиҳо хело зиёд ҳастанд. Ин камбудиву мушкилотҳо бо заҳматҳои сарҷамъона, ватандӯстона ва аҳлона бартараф карда мешавад. Модоме, ки халқи Тоҷикистон замоне кишвари дар доми ҳалокат қарордоштаро ба як қаламрави сулҳу ороми табдил дод, пас метавонад ки тамоми мушкилоту камбудиҳои дигарро бартараф намояд!
Д.Шукруллозода, муовини раиси ноҳияи Кӯшониён