ВОКУНИШ: Моҳи гузашта дар Бадахшон каме ноҷуриҳои дохилӣ сар зад, ки боиси нигаронӣ гашт. Дар давлате, ки волоияти қонун ҷойи худро пайдо карда бошад, ягон нохалафе мақсадҳои нопоки худро амалӣ сохта наметавонад, чуноне, ки дар урфият мегӯянд: «Зӯри беҳуда миён мешиканад». Ҷавонони саодатманди Бадахшон бояд зиракии сиёсии худро аз даст надода, пайи созандагии пешрафти кишварамон камари мардонагӣ баста, дар ободонии гӯшаю канори зодгоҳашон талош варзанд. Биёед бияндешем, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо ҷаҳду талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумӯи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон чӣ қадар корҳои ободониву созандагиро роҳандозӣ намуда, иншоотҳои бузурги замонавӣ, шоҳроҳҳои ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯро сохта ба истифода доданд, ки ҳазорҳо мушкилоти сокинонро осон намуда, орзую ормонҳои деринаи аҷдодони онҳоро амалӣ карданд. Ҷавононе, ки ин ошӯбро дар Бадахшон барпо намуданд, як зарра саҳми худро дар ободонии ин минтақаи кишвар нагузоштаанд ва баръакс даст ба харобкорӣ заданд, ки ин амали онҳо назди қонун бе ҷавоб намемонад. Мо ба онҳо садо баланд мекунем, ки рафтори онҳо нобахшиданист, Шумо бо кирдорҳои зишти худ ҷуз шармсорию бадномӣ чизеро ба худ мерос намегузоред. Ба ҷои ҳамаи ин ба илм омӯхтан машғул бояд шуд. Бо гирифтани дониши замонавӣ сиёҳро аз сафед, бадро аз нек фарқ карда тавонистан зарур буда, ҳамеша худогоҳ будан ва аз болои худ кор карданро пеша кардан лозим аст. Чунончӣ: Гову хар аз огаҳӣ инсон нахоҳад гашт лек, Одамӣ гар андаке ғофил шавад хар мешавад. То гуҳар дорад садаф, аз шӯри дарё ғофил аст, Об дар гӯши касе гар ҷо кунад, кар мешавад.
Абдулфайзов Аскаралӣ, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Кӯшониён