ВОКУНИШ: Душманони миллати тоҷик ба ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои осоиштаи кишвари моро халалдор намоянд. Аз хориҷ истода тақдири тоҷиконро ҳал карданӣ мешаванд, ин тоифаи нотавонбин. Тариқи шабакаҳои интернетӣ, онҳо ба халқи азизи мо таҳдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи Президенти ҷумҳурӣ ва ҳукумати кишварро, ки ба таъмини сулҳу субот ва пешрафту тараққиёти мамлакат равона карда шудааст, мавриди интиқод қарор медиҳанд. Мехоҳанд ба воситаи ашхоси каҷтинату кинавар ва баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиребанд ва онҳоро ба муқобили Ватану миллати худ барангезанд. Мо хуб дар хотир дорем, ки солҳои 90-уми асри гузашта чи гуна шиорҳо, кадом ояту ҳадис бо тафсиру таҳлилҳои бардуруғу ноқис ба мардум расонида мешуданд. Шиорҳои иғвобунёди «Озодӣ!», «Истеъфо!», «Аз хоби гарон хез!» ва дигар шиорҳо дар якҷоягӣ бо аҳкоми динӣ пешкаши одамон мешуданд, ки дар натиҷа аз ҷониби ТЭТ ҲНИ тахрибкориҳои зиёде амалӣ мегардиданд. Ҳақиқат хоҳ но хоҳ ошкор мегардад. Мардуми сулҳпарасти тоҷик ниҳоят аз асли матлаби наҳзатиён, “нимкосаи зери коса”- и онҳо огаҳӣ дарёфтанд ва ба ин гурӯҳи хиёнатпеша нафрат хонданду аз он рӯй гардонданд. Имрӯз мо аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ба номи Ислом алоқаманд, ки динро фақат барои фирефтан ва гумроҳ намудани халқ истифода мебаранд, бояд ҷиддан эҳтиёткор бошем. Моро ҳам фарзу ҳам суннат аст, ки ёру дӯстон, хешу ақрабо, тамоми ҳамватанонро аз макру ҳилла ва найрангбозиҳои наҳзатиён ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои ба ном исломӣ ва баъзе одамони дурӯя ва хоинони миллат ба монанди М.Кабирӣ, М.Иқболак, Салмон, Ҳ.Ашӯров ва пайравони онҳо огоҳ созем. Сулҳи тоҷикон муфту осон ба даст наомадааст ва аз ин рӯ, ҳамагон бояд тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то парчами сулҳамон ҷовидону ҷилвагар бимонад. Халқи шарафманду сарбаланди тоҷик, бо раҳнамоиву ҳидоятгариҳои хирадмандонаи фарзанди асилу садоқатпешаи худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста пеш меравад, ба комёбиҳои тоза ба тоза шарафёб мешавад ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи шоиста ишғол мекунад. Мо сокинони ноњияи Кӯшониён, комилан ҷонибдори сиёсати Пешвои муаззами хеш мебошем.
Умаралиев А, сокини ноҳияи Кӯшониён