Вокуниш: Мухолифини давлати мо ин шабу рӯзҳо дам нагирифтаву ҷоғ сар дода, сару садоҳое мезананду зидди давлату миллат буҳтонномаҳо эҷод мекунанд. Доир ба Бадахшон ҳар гуна дурӯғу бофтаҳои навбатии худро пахш карда, мардуми ин минтақаи Тоҷикистонро ба ҷангу кашмакашиҳо таҳрик дода истодаанд. Наҳзатиёну тарафдоронашон М. Кабирӣ, И. Садриддин, Салмон, Ҳ. Ашӯров ҳар як кадомашон дар алоҳидагӣ дар шабакаҳои интернетӣ каналҳо кушода, ба воситаи иғвоангезиву бад кардани давлату ҳукумати кишвар, мазлуму бечора нишон додани аҳолӣ, худро ғамхору пуштибон вонамуд кардаву диққати нафарони эҳсосиву зудбоварро, ки бештаринашон дар хориҷа мебошанд, ба худ ҷалб карданӣ мешаванд. Яъне, он нафарони эҳсосиву зудбоваре, ки гуфтем, берун аз кишвар, дар дигар давлатҳо қарор доранд, ба фирефтаву иғвои гурӯҳи наҳзатиҳо таваҷҷӯҳ мекунанд. Наҳзатиёни хоинони миллат, аз тамоми имкониятҳо истифода карда, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки Бадахшонро нотинҷ кунанд. Ба ин васила бозори бизнеси маблағкоркунии худашонро ба воситаи тамошо кардани теъдоди зиёди тамошочиён чархонида истодаанд. Чӣ қадаре, ки теъдоди тамошо (просмотр) зиёд шавад, ба ҳисоби онҳо маблағ бештар медарояд. Шиори ин нокасон "Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад" мебошад! Ҳар як воқеаву ҳодисаҳои оддиро образ дода, ҳангоматалабона нишон доданӣ мешаванд, ки ҳамагон ба он бовар кунанд. Барои ҳангомаҳои худро пуробуранг нишон додан аз ҳеҷ гуна амалҳо, аз қабили дурӯғ гуфтан, туҳмату ғайбат кардан, таъна задан, захми забон, дашном ва носазо гуфтан, тақлиди садои касе барои масхара кардан, лаънат кардани мардум, ба номи зишт садо кардан, фарёд задани беҷо, мазоҳи зиёд ва ҳоказо рӯ намегардонанд, ки ин бадтарин амалҳо буда, гуноҳаш аз қатлу куштор кам нест! Инҳо ба ҷуз аз хунрезиву пастфитративу гумроҳӣ дигар чизе мақсаду маром надоранд. Ҳукумату давлати Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки ҳамаи минтақаҳои кишвар баробар рушду тараққӣ намояд. Баҳри расидан ба ин ҳама ҳадафҳои созанда ва ноил гардидан ба дастовардҳои боз ҳам бузург волоияти қонун дар ҳама кунҷу канори Ватани маҳбубамон аҳамияти аввалиндараҷа дорад, ки вилояти Бадахшон ҳам аз ин истисно нест. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар ин самт фаъолият бурда истодаанд, ки ин корҳо доираҳои манфиатҷӯи солиёни зиёд аз назорати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дурмондаро безобита намудааст. Хоҳем, нахоҳем, бояд итоатгари қонун бошем. Дар ҳар давру замон ҷинояткор бе ҷазо намондаву ҷазояшро бояд бинад ва ба аъмолу кирдори содирнамудааш дар назди қонун ҷавоб гӯяд. Мардуми Бадахшон ҳам тарафдори волоияти қонун мебошанд ва гурӯҳҳои ҷиноятпешаро ҷонибдорӣ намекунанд. Мо ҳам тарафдори оромиву ободии ин гӯшаи диёрамон ҳастем ва дуо мекунем, ки тинҷиву оромӣ ҳамеша дар ин минтақаи зебоманзар то абад побарҷо бошад. Шукри Парвардигори Меҳрубон, мардуми Тоҷикистон дар фазои тинҷу ором ҳаёт ба сар мебаранд ва ба иғвоҳои душманони беруна ягон зарра таваҷҷҷӯҳ надоранд.
Ҳасан Ғуломов, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён