ОН, КИ ҶАНГ ОРАД, БА ХУНИ ХЕШ БОЗӢ МЕКУНАД!

      Вокуниш: Халқи сарбаланду шарифи тоҷик аз қадимулайём ҳамчун як мардуми сулҳпарвару ободкор, босабру таҳаммулгаро ва сулҳдӯсту ҷонибдори тинҷиву оромӣ ном баровардааст. Мардуми Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша тарафдори сулҳу ваҳдат ва осоиштагии тамоми кишварҳо ва халқиятҳои дунё мебошанд ва дар муносибат бо ҳамсоякишварҳо дӯстиву рафоқатро дар мадди аввал мегузоранд. Вақте даъво баҳри якпорчагии Тоҷикистон ва ғасб гардидани марзҳои кишвари мо меравад, ҳеҷ як тоҷику тоҷикистониро бе тараф гузошта наметавонад. Ворух қисме аз хоки Ватани маҳбуби мо буда, порае аз зодбуми ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад. Ҳар як ваҷаб марзу буми Ватан барои мардуми шарифи Тоҷикистон муқаддасу боарзиш аст ва барои ҳимояи он мо ҷонро дареғ намедорем. Бо вуҷуди талқини сулҳу ҳамҷаворӣ, муносибатҳои неку равобити судманду созандаро пеша кардан бо ҷумҳуриҳои ҳамсоя, давоми чанд соли охир ҳодисаҳои ҷангу ҷидол ва тирпаррониву оташзании манзилҳои сокинон дар марзи Ворух бо Ҷумҳурии Қирғизистон боиси нигарониҳо гардидааст. Дар ҳама ҳолатҳои сар задани муноқишаҳо мардуми қирғиз гунаҳкоранду боз айбро ба дӯши тоҷикон бор мекунанд. Бо даъвоҳои беасос ҷанг мекобанду низоъ бармехезонанд. Саволе ба миён меояд, ки барои чӣ дар давраи роҳбарии Аскар Акаев ин гуна нофаҳмиҳо дар марз рух намедоданд? Сабабаш дар чист? Фикр мекунам, сабабаш дар роҳбарияти ин кишвар аст, ки тез-тез иваз мешаванд. Таърих собит кардааст, ки подшоҳ агар бо маърифату босавод, донишманду худотарсу ободкор бошад, кӯшиш менамояд, ки ҳамеша фикру ақидаи солиму созанда дошта бошад, раияташ низ бамаърифат гардад ва аз пайи ин амалҳо мешавад. Дар вазифаҳои калидии Қирғизистон шахсиятҳое омадаанд, ки аз маҳбас баромада буданд, яке аз онҳо Тошиев аст. Худи мардуми қирғиз ӯро аллакай намехоҳанд! Мардуми оддии қирғиз тарафдори ҷангу хунрезиҳо нестанд. Маълум аст, ки бо ба сари қудрат омадани нафарони маҳбаснишаста ва бе фарҳангу ҷангдӯстдор, дар атрофаш низ чунин ҳамақидаҳояшро чамъ овардааст! Ҳеҷ як амал бе ҷазо намемонад, мутмаинам, ки ҳақ ба ҳақдор мерасад. Хуни ноҳақ резондӣ, рӯзе хунат рехта мешавад! Сабабгори марги одамон шудан на аз савганди ҳарбисту на аз одоби инсонпарварӣ! Он, ки ҷанг орад, ба хуни хеш бозӣ мекунад! Мо тарафдори оромии ин гӯшаи диёрамон ҳастем ва хостори онем, ки ҳарчӣ зудтар ин муноқишаҳо ҳалли худро биёбанд ва тинҷиву оромӣ ҳамеша дар ин минтақаи нангу номуси миллат то абад пойдор бошад.

Ҳасан Ғуломов, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.