ВОРУХ НАНГУ НОМУСИ МИЛЛАТИ САРБАЛАНДИ ТОҶИК!

        ВОКУНИШ: Авзои сиёсии ҷаҳонӣ дар марҳилаҳои нави гузариш ва бисёр мураккаб қарор дошта, аз башарият, хусусан мардуми тоҷик ҳушёриву зиракии амиқро талаб мекунад. Мазмуну муҳтавои ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳову суханрониҳояшон борҳо таъкид кардаанд. Ҳодисаҳои солҳои охир дар марзи Ворух бо Қирғизистон инро собит карда истодааст. Мардуми қирғиз хуб медонанд, ки Ворух аз Тоҷикистон аст ва ҳеҷ гоҳ онро гирифта ҳам наметавонанд! Халқи шарафманди тоҷик нангу номуси баланди миллӣ доранд ва ба ин ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳанд! Ин амалу рафтори қирғизҳо бе ҷавоб намемонад! Ҳамаи халқи қирғиз дар ин муноқишаҳо гунаҳкор нестанд. Дар ин ҷангҷӯиву кашмакашиҳо роҳбарони ин кишвар бештар нақш доранд, ки аз як туда мардуми эҳсосиву ҷангдӯстдор истифода мекунанд. Аз гузоришу шабакаҳои иҷтимоӣ маълум гардида истодааст, ки мардуми қирғиз мухолифи роҳбарияти имрӯзаи кишвари худ гардида, аз паси панҷара ба ин вазифаҳо омадагонро дигар намехоҳанд дар сари ҳокимият бинанд. Аз эҳтимол дур нест, ки ҳукуматронии онҳо наздик аст ва онҳо барои дар мансаб мондан сенарияҳои гуногунро роҳандозӣ карда истодаанд, яъне, диққати мардуми худро ба ҳодисаҳои марз ҷалб карданӣ ҳастанд. Ё ин ки мехоҳанд ба воситаи ҷангу истифодаи силоҳ зӯрии худро ба мардуми тоҷик нишон диҳанд? Ба ҳар ҳол, ҳақиқат дер ё зуд ошкор мешавад. Умедворем, ки мардуми сарбаланди тоҷик таҳти сиёсати дурандешонаву сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъона зиндагӣ мекунанд ва ин мушкилотро бо роҳи осоишта ҳаллу фасл намуда, баҳри якпорчагии кишвари маҳбуб талош менамоянд.

Миҷгона Шомалангова, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.