МУАЛЛИМРО ЛАТУКУБ КАРДААНД?

    ВОКУНИШ:Муаллим, омӯзгор, устод аз гурӯҳи калимаҳоеанд, ки зери он ҳазор ҳазор маъно ва рангу мазмуни зебо тасвир мегардад. Аслан МУАЛЛИМ нафарест, ки дар ташаккули шахсияти ИНСОНҳо нақши бориз мегузорад! Ва ҳар нафаре, ки аз мактаби омӯзгор баҳра бурдааст, якин шахсони ҳунарвару саодатманд ба камол расида, барои амали нек талош варзида, рӯзгори шоистаро интихоб карда, дар амну осоиши ҷомеа саҳми арзишманд хоҳанд гузошт! Мавриди латукуб қарор гирифтани устодеро дар минтақаи дигари кишварамон, ки аз ҷониби ҷаҳолатпешае ба вуқӯь пайвастааст, маҳкум менамоям. Амали содиршуда ба кирдору амалҳои гурӯҳи “ТОЛИБОН” монанд буда, барои пешгирии он муборизаи дастаҷамъонаи тамоми кишрҳои фаъолро мепурсам! Дар ҳамаи давру замон даст боло кардан болои муаллим амали ношоиста ҳисобида мешуд ва месазад, ки дар замони тезутунд ва мураккаб гардидани вазъи сиёсии ҷаҳон аз МУАЛЛИМ, ПАДАРУ МОДАР, ВАТАНИ ХУД ҳимоя карда тавонем!

Д.Шукруллозода, муовини раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.