Вокуниш: Тариқи Телевизиони Бадахшон навори латукӯб намудани Сардори Раёсати маорифи вилояти Бадахшон, Лутфулло Наврӯзовро аз тарафи Мамадбоқир Мамадбоқиров тамошо намуда, гуфтаниям, ки замони "муштзӯрӣ" гузаштааст. Ин амали ҷинояткоронаи ин ӯро маҳкум менамоем! Ӯ ба ин рафтор ҳақ надошт! Ин гуна нафарон то ҳол худро "ҳоким"- мутлақ мепиндоранду ба кирдорҳои ҷинояткоронаи худ идома медиҳанд! Вақти он расидааст, ҷомеа аз ин гуна нафарони муштзӯру ҷиноятпеша тоза карда шавад! Волоияти қонун дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон, бахусус вилояти Бадахшон баробар побарҷо бошад! Мардуми кишвар тарафдори тинҷиву оромӣ аст. Ин гуна нафарони муштзӯр доғи ҷомеа мебошанд. Ба ҷинояти содиркардаи ин ҷинояткор мувофиқи қонун ҷазо дода шавад!
Ҳасан Ғуломов, Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён