ВОКУНИШ: Аз шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳ гардидам, ки сокини Бадахшон Мамадбоқир Мамадбоқиров Сардори Раёсати маорифи вилояти Бадахшон Лутфулло Наврӯзовро латукӯб намудааст. Ин рафтори М. Мамадбоқиров амали сирф ҷинояткорона мебошад ва ҷонибдори онам, ки нисбати ӯ фавран чораҳои қонунӣ андешида шавад. Ҷинояту ҷинояткорӣ падидаи номатлуби ҷомеа буда, аз ҳамагон муборизаи дастаҷамъонаро тақозо менамояд. Ин гуна муштзӯрону ҷинояткорон дар шароити кунунӣ ба ҷомеа хавфноку зарароваранд. Вақти он расидааст, ки бо ин гуна нафарони ҷинояткор муборизаи беамон барем! Даст бардоштан ба аҳли маорифчиён амалест нобахшиданӣ ва аз рӯи ҷаҳолату золимист!
Собиров Далер, Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён