Мамадбоқиров Мамадбоқир бо ин рафтораш худро ба ҳамагон шиносонд!

    ВОКУНИШ: Чӣ тавре, ки аз расонаҳои хабарӣ иттилоъ ёфтем, шиканҷа ва латукӯб гардидани Сардори раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Наврӯзов Лутфулло аз тарафи саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷинояткори шаҳри Хорӯғ Мамадбоқиров Мамадбоқир боиси нигаронии мардуми кишвар ва бадахшониҳо буда, бо амалаш ин инсон(агар инсон ҳисобида шавад!) худро ба мардуми Тоҷикистон пурра шиносонд! Бо ин рафтори ҷоҳилонаву ҷинояткоронааш исбот кард, ки ӯ кисту ба чӣ корҳо машғул аст! Тамоми аҳолии Тоҷикистон тариқи телевизион навори латукӯб шудани Наврӯзов Лутфуллоро диданд. Мамадбоқиров М. ҳатто ба Наврӯзов Лутфулло фурсати сухан гуфтан надода, ба монанди ваҳшие ба ӯ дарафтода, ӯро муштборон мекунад. Пурра маълум гардид, ки ин ҷинояткор солиёни зиёд аст, ки бо ин роҳи ҷинояткорона умр ба сар бурда, яке аз саркардагони гурӯҳҳои ҷиноятии Бадахшон мебошад! Замони он фаро расидааст, ки бо ин хел гурӯҳҳои ҷиноятпеша муборизаи беамон барем ва заррае бо онҳо муросо накунем. Дар озодӣ будани ӯ ба ҷомеаи Бадахшон хатар дорад! Ба кирдори ӯ тибқи қонун чора андешида шавад!

Умаралиев А. Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.