ЗАМОНИ МУШТЗӮРӢ ГУЗАШТААСТ!

      Вокуниш: Латукӯб намудани Сардори Раёсати маорифи вилояти Бадахшон Лутфулло Наврӯзовро аз тарафи Мамадбоқир Мамадбоқиров тамошо намуда, бо нафрати бениҳоят зиёд рафтори ҷинояткоронаи ин шахсро МАҲКУМ менамоям! Ин рафтори ӯ ҷоҳилона, ҷинояткорона ва барқасдона аст! Ин гуна нафарон бо кирдорҳои ҷинояткоронаи худ ба рушду тараққӣ ёфтани ВМКБ роҳ намедиҳанд. Дигар дар Тоҷикистон солҳои 92-юм нест, ки бо муштзӯриву истифодаи силоҳ касе чӣ хеле хост, рафтор намояд! Волоияти қонун барқарор аст ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ин хел ҷинояткорон ҷазои сазовор медиҳад! Замони он фаро расидааст, ки мардуми Бадахшон бо ин гуна нафарони муштзӯру ҷиноятпеша "хайрухуш" намоянд! Ҳама бояд тибқи қонунҳои амалкунанда зиндагӣ кунанд! Аҳолии кишвар ва махсусан Бадахшониҳо тарафдори тинҷиву оромӣ ҳастанд ва боварӣ дорам, ки ин хел кирдорҳои ҷоҳилонаро ҷонибдорӣ намекунанд. Ин гуна нафарони муштзӯру ҷиноятпеша дарди сари ҷомеа мебошанд. Ин ҷинояткори муштзӯр бояд ФАВРАН ба маҳкама кашида шуда, мувофиқи аъмолаш тибқи қонун ҷазо дода шавад!

Манучеҳр Бобомуродов, Корманди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.