Кӯшониён: Муқовимат бо коррупсия кори дастаҷамъист

    “Коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад”

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

      Имрӯз 8 феврали соли 2022, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тибқи нақшаи корӣ, таҳти роҳбарии Д.Шукруллозода раиси комиссия, муовини раиси ноҳия, аъзоён ва дигар масъулин, Комиссияи љамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба ҷамъбастӣ фаъолият дар соли 2021 баргузор гардид. Дар кори Комиссия 3 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифтанд: 1. Баррасӣ намудани қарори раиси ноҳияи Кӯшониён аз 26 октябри соли 2021, № 1051, дар бораи қаорираиси вилояти Хатлон аз 29 сентябри соли 2021, №314 “Оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, № 222 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030”. 2 Пешниҳоди ҳисоботи аъзоёни Комиссия. 3. Тасдиқи нақшаи корӣ барои соли 2022.

      Сараввал раиси Комиссия кори ҷамъомадро кушода, қайд намуданд, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани Фармони нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, № 222 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030” қарори раиси ноҳия аз 26 октябри соли 2021, № 1051 ба тасвиб расида дастраси тамоми масъулин гардонида шудааст. Сипас аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи љаласа раиси собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия, Ҳалимов Сафаралӣ, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Шукрона Маҳмадализода, сармуҳаррири рӯзномаи “Кӯшониён” Фарҳод Маҳмудов ва намояндаи КИ ҲХДТ дар ноҳия Ҳасан Ғуломов, оид ба дар самти пешгирии коррупсия дар ҷомеа ва дар фаъолияти масъулин дар соли сипаригашта ҳисобод доданд. Баъд аз шунидани ҳисоботҳои аъзоёни комиссия, нақшаи корӣ барои соли 2022 тасдиқ гардида, бо ҳамин кори Комиссия ба анҷом расид.

1_17.jpg 2_107.jpg 3_118.jpg 

Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.