Имрӯз 11 феврали соли 2022, бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 15 сентябри соли 2011, №1729 ва тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, нишасти матбуотии раиси ноҳия, барои соли 2021 баргузор гардид. Мақсад аз гузаронидани нишастӣ матбуотӣ ин таъмини ошкорбаёнӣ, шафоффият, оид ба рафти иҷрои қарору фармонҳо, беҳтару хубтар ба роҳ мондани сифати кор, огоҳ гардидан аз фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва пурқувват намудани робитаҳои зичи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо васоити ахбори омма мебошад. Дар нишасти матбуотӣ муовинони раиси ноҳия, роҳбарони ташкилоту идораҳо, шуъбаю бахшҳо, раисони ҷамоатҳо ва тамоми намояндагони ВАО-и вилоят ва ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Тибқи реҷаи баргузории нишаст, сараввал ҳисоботи кории раиси ноҳия барои соли 2021-ум шунида шуд. Зикр гардид, ки нақшаи даромадҳои буҷети ноҳияи Кӯшониён бо дар назар доштани андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 106,3 фоиз иҷро гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Яъне ба ҷои 49 миллиону 084 ҳазор сомонии нақшаи пешбини шуда, ба буҷет 52 миллиону 198 ҳазору 546 сомонӣ ворид карда шудааст. Дар соли сипаригашта дар ҳудуди ноҳия 2856 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст, 100,7 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ноҳия ба 2 миллиарду 144 миллиону 531 ҳазору 200 сомонӣ расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта, ба маблағи 344 миллиону 597 ҳазору 600 сомонӣ зиёд суръати афзоиш 19,1 фоизро ташкил менамояд.
Дар ҳисобот қайд гардид, ки ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 22 майи соли 2018, № АП-1059, қарори раиси вилояти Хатлон аз 8 июни соли 2018, №140 “Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи нақша-чорабиниҳо, дар ноҳия то ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври умумӣ бунёди таъмиру тармими 354 адад биною иншоот ба нақша гирифта шуда буд, ки яъне 109,0 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил менамояд. Ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободонию кабутизоркунӣ, созандагию бунёдкорӣ ва ҳолати беҳдошти маҳаллаҳои аҳолинишин дар ноҳия зиёда аз 34 ҳазору 240 бех дарахт шинонида шудааст. Ҳамзамон дар роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ дошта бо ҷалби ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ва сокинони ноҳия зиёда аз 4 ҳазор бех дарахтони ҳамешасабз, 2 ҳазор бех ниҳоли анор, 28 ҳазор бех гули садбарг ва 58 ҳазор дона гулҳои ҳархела шинонида шудааст. Дар соли сипаригашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 342 миллиону 380 ҳазору 500 сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Баҳри беҳтар намудани вазъи таълиму тарбия дар ҳудуди ноҳия бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, соҳибкорони маҳаллӣ ва кумитаи падару модарон 1 адад муассисаи таълимӣ бо шароитҳои муосири таълимӣ ва дар назди 6 муассисаи таълимӣ бо зиёда аз 30 адад синфхонаҳои иловагӣ барои 750 хонанда сохта ба истифода дада шуда, сохтмони 33 синфхонаи иловагӣ бо теъдоди 825 ҷои нишаст идома дорад. Сипас раиси ноҳия ба саволҳо, таклифу пешниҳодҳои намояндагони ВАО, вобаста ба масъалаҳои гуногун посух доданд.
Ба тамоми саволҳои додашуда аз тарафи раиси ноҳия ва тамоми масъулини ноҳия ҷавобҳои мушаххас ва қонеъкунанда гардонида шуд. Дар фарҷом намояндагони ВАО, барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани нишасти матбуотӣ, миннатдории хешро ба раиси ноҳия баён намуданд.
Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён