Вокуниш: Ҷумҳурии Тоҷикистон давлате мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мешиносанд ва эътироф мекунанд. Амалҳое, ки вақтҳои охир дар ВМКБ аз ҷониби лидерони ғайрирасмӣ ва гурӯҳҳои тундрави ҷинояткор рӯй дода истодааст, бешубҳа метавонад дар амнияту оромии кишвари азизамон таъсир расонад. Мо вақте, ки давлат, қонунгузорӣ ва мақомотҳо барои таъмини амнияти мардум дорем, эҳтиёҷ ба лидерони ғайрирасмии худкома надорем. Яке аз ин лидерони ғайрирасмии шаҳри Хорӯғи ВМКБ Мамадбоқир Мамадбоқиров мебошад, ки дар воқеаҳои охири моҳи ноябр, дар ВМКБ шуда гузашта даст дошт. Рӯирост мардумро алайҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон шӯронида, худро лидер нишон дода, ҷинояткорон ва гурӯҳҳои мухолифи монанди худро дастгирӣ менамояд. Пайваста вокунишҳо алайҳи Ҳукумати кишвар намуда, нисбати сиёсати давлат норозигӣ мекунад. Боз бо дуруғҳои шохдори худ мегӯяд, ки аз соли 2012 сар карда, то ин ҷониб мардуми ВМКБ-ро бегуноҳ мекушанд. Шахсан ҳамчун шаҳрванди фаъоли ҷомеа, амалҳои иғвоангезонаи М.Мамадбоқировро маҳкум намуда, ба мардуми кишвари азизам муроҷиат мекунам, ки ба сафсатаҳои ин хоин, ки дар шаҳри Хорӯғ худро лидер нишон додаву ба ҳар кори давлат мудохила карда, ҳар коре мехоҳад, бо зарби зурӣ мекунад, бовар накунед. Мо бояд донем, ки дар даврони “Ҷамъияти ибтидоӣ” зиндагӣ надорем, ки одамон галла- галла шуда, сардор ё лидер интихоб карда, ваҳшиёна зиндагӣ кунанд. Шукри Худованд, ки дар давлати орому осоишта зери сиёсаи одилона ва раиятпарваронаи Пешвои маҳбуби миллат зиндагӣ дорем ва баҳри ободу зебо гардидани кишвари азизамон ва орому осоиштагии халқамон ҳамеша талош меварзем.
Шомалангова Миҷгона, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён