ВОКУНИШ: Дар расонаҳои хабарӣ паҳн гардид, ки Сардори раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Наврӯзов Лутфулло аз тарафи ҷинояткори шаҳри Хорӯғ Мамадбоқиров Мамадбоқир мавриди зарбу лат қарор гирифтааст. Ин рафтори М. Мамадбоқиров норизоии ҷомеаи шаҳрвандиро ба бор оварда, боиси нигаронии мардуми кишвар гардид. Мо ҳамагон бояд нисбати ин ҳодиса бетараф набошем ва ин амали авбошонаро маҳкум намоем. Дар вилояти Бадахшон ин гуна нафарони муштзӯру ҷинояткор то ҳол боқӣ мондаанд, ки ҳуқуқи шаҳрвандонро бо ин кирдору рафтори ношоистаашон поймол менамоянд ва обрӯи мардуми ин минтақаро коста мегардонанд. Маълум мешавад, ки ин нафар солҳо боз бо ин роҳ фаъолият намуда, яке аз саркардагони гурӯҳҳои ҷиноятии Бадахшон мебошад! Ин гуна шахсонро тарафдорӣ кардан нашояд. Аз мардуми Бадахшон даъват менамоям, ки ин тоифа одамонро ҷонибдорӣ накунанд, бо инҳо муборизаи беамон бурда, баҳри нест кардани ҷинояткорӣ дар ин гӯшаи зебоманзари диёр саҳми босазо гузоранд.
Нурализода М. Мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён