Иштирок дар маъракаи ниҳолшинонӣ
Имрӯз 12 феврали соли равон, бо иштироки раиси вилояти Хатлон, роҳбарияти ноҳия ва кормандони ташкилоту идораҳо ва сокинони ноҳия, дар майдони арчазори Ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар ҳашари умуми ноҳиявӣ беш аз 1000 нафар иштирок намуда, зиёда аз 400 бех ниҳоли ҳамешасабзӣ сузанбарг шинонида шуд.
Боздид аз рафти сохтмони маркази “Тахти Сулаймон” иборат аз тарабхона, ошхона ва маркази савдо
Маркази мазкур, дар деҳаи “Озодии Меҳнат”и Ҷамоати шаҳраки Бустонқалъа ҷойгир буда, аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Ҳалимов Абдулмуъмин бунёд гардида истодааст. Дар назар аст, ки иншооти мазкур дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба истифода дода мешавад.
Боздид аз рафти сохтмони бинои 6 ошёна
Дар Ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ, раиси вилояти Хатлон ва роҳбарияти ноҳия аз рафти сохтмони бинои 6 ошёна иборат аз таҳхона, маркази савдо дар ошёнаи 1-ум ва хонаи истиқоматӣ дар ошёнаҳои болоӣ дидан намуданд. Бинои мазкур бо тарҳи зебову замонавӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Давлатов Дилшод бунёд гардидааст. Аз тарафи раиси вилоят ба масъулин ва соҳибкор дастур дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизонидани иншоотро дар муҳлатҳои муайяшуда ба итмом расонанд.
Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён