Вокуниш: Давоми якчанд рӯз аст, ки ҳодисаҳои шаҳри зебои Хоруғ боиси нигарониҳои мардуми Тоҷикистон гардидааст. Мо ҳеҷ гоҳ намехоҳем, ки хонадони дӯстони Бадахшонии мо нотинҷ бошад, аммо дар ҳаёт ва дар зиндагӣ ҳама ҳодисаҳо рўй медиҳанд. Аз ин рӯ, Шумоён мардуми сарбаланду бофарҳанги Бадахшон хоҳиш менамоям, ки ба суханҳои нодурусту иғвогаронаи душманони миллат дода нашавед. Хираду фаросати хешро пеша намоед, аз Ҳукумати мамлакат, аз ободии Бадахшон, аз оромию осоиштагии хонаатон ношукрӣ накунед. Ин давлат соҳиб ва қонун дорад, шахсоне, ки чунин вазъиятро ба миён овардаанд, аз рӯи қонун ҷазо хоҳанд дид. Нагузоред, ки лахчаи дар қалби Шумо пайдошуда алангаи оташи сӯзонро дар боғи ҳаёти Тоҷикистониён ба миён оварад. Дар ҳар давру замон ҷинояткор ба миллату давлати худ хубӣ наовардааст. Ҷинояткорро тарафдорӣ накунед. Хиради азалии худро боло бардошта, андешаи хонаву дари навободшудаи худро карда, ҳама дастаҷамъона баҳри якпорчагии кишвари маҳбубамон дуогӯ бошем, то сулҳи сартосарии Тоҷикистон ҷовидона бошад!
Ғаюрова Фарангис, вакил аз ҳавзаи интихоботии Заргар