Андеша: Ҳар як халқи сарафрозу ҳимматбаланд дар ҳар давру замон баҳри рушду нумӯи зодбуми худ аз тамоми шароиту имкониятҳо истифода мебарад, то ки иқтисодиёти кишвараш ғанӣ гардаду ба зиндагии шоиста бирасад. Саноаткунонии босуръати кишвар яке аз он масъалаҳои асосие ба ҳисоб меравад, ки Пешвои миллат дар Паём ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми стратегӣ эълон карда шавад ва то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 фоиз расонида шавад. Вобаста ба ин, ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати мамлакат саноатикунонии босуръат ба ҳисоб рафта, бо бунёд намудани корхонаҳои саноатӣ шароити зиндагии аҳолӣ боз ҳам беҳтар гашта, сафи бекорон кам гардидаву сатҳи камбизоатӣ коҳиш меёбад, барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он заминаи амиқ мегузорад. Хушбахтона, солҳои охир як қатор корхонаҳои саноатии пуриқтидор ба фаъолият шурӯъ намудаанд, ки дар рафти саноаткунонии кишварамон саҳми беандозаи худро гузошта истодаанд. Бояд қайд намуд, ки дар саноаткунонии босуръати кишвар ҳама, аз ҷумла соҳибкорон, одамони доро, касоне, ки имконияти бунёди корхона ва коргоҳҳоро доранд, фаъолона иштирок карда метавонанд. Ҳамаи онҳо аз тарафи давлат ва ҳукумат дастгирӣ ва пуштибонӣ меёбанд. Ҷиҳати ноил гардидан ба саноатикунонии босуръати кишвар Пешвои миллат ба соҳибкорони ватанӣ як қатор имтиёзҳоро дода истодаанд. Ҳадафи чоруми стратегӣ имкон медиҳад, ки ҳиссаи соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ боз ҳам афзоиш ёфта, дар мамлакат садҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ сохта шаванд, ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ ташкил шуда, содироти молҳои саноатӣ зиёд гардида, сатҳи зиндагии мардум боз ҳам боло равад. Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони бо нангу номус ва ватандӯстро водор месозад, ки дар атрофи ғояҳои созандаи ин сиёсатмадори ҷаҳонӣ муттаҳиду сарҷамъ гардида, барои татбиқи амалии онҳо камари ҳиммат банданд.
Ҳасан Ғуломов, Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён