ВОКУНИШ: Муроҷиатномаи як гурӯҳ занону бонувони маҳаллаи болои Хоруғшаҳр тариқи шабака дар бораи ривоҷ ёфтани фасод дар минтақа ва пуштибони аз шаҳрвандон Мамадбокиров, Аловатшоев ва дигарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш гардид. Мазмуни матн аз тарафи хоҳаре бо шеваи ноби тоҷики қироат шуд. Ҳайати муроҷиатрасонҳо таи 12 нафар ё бештаре ва аз номи кулли занони Маҳаллаи Боло сухан карданд. Дар давраи нави давлатсозӣ ва истиқлолиятсозии миллати тоҷикон, ки дар замони буҳрони ва мураккабии вазъи сиёсии ҷаҳон сурат мегирад, аз ҳар як шаҳрванди солимфикр сарҷамъиро тақозо менамояд! Заҳмати аҳлона, сарҷамъона ва ватандустонаи мо метавонад, ки мушкилотҳоро бартараф намояд. Пуштибони аз афроде ва ё гурӯҳе, ки замоне дар маконе бар хилофи қонунгузори кирдоре содир кардаанд, воқеият ин аст, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Намешояд, ки бо ҷамъоварии чанд муроҷиатномаҳо ва ё ташкили толорҳо аз ҷиноят озод шуд! Пуштибони аз аксари шаҳрвандоне, ки ҳисси маҳаллгароияшон боло гирифтаву ақлу тафаккури солимро зери по гузоштаанд, роҳи дуруст нест! Хоҳарони омӯзгору табибу эҷодкор, хизматчиёни давлати ва фаъолони дигари минтақаи Ватани азизамон хомуширо ихтиёр накунед! Бо ин гурӯҳ занон, ки ҳамаги 15 ё 20 нафар беш нестанд дар сӯҳбат бошем ва агар заррурат пеш ояд дар мубориза бошем! Роҳи дурустро интихоб ва сиёҳу сафедро фарқ карда тавонем! Пешвои миллатро бо сухан не, бо қалб дуст бидорем ва эҳтироми мақому ҷойгоҳи олиашонро бидонем! Зидди қонунгузории ҷори ва зидди сиёсати имрӯзаи давлат сар боло кардани фарде ё гурӯҳе ин душмани бо мост! Аммо суоле пеш меояд, ки чаро дар охири МУРОҶИАТНОМАИ пурсузу гудоз навиштаи хоҳарон ҳама хандиданддддд ... Муроҷиатнома ё мазҳака, сохта, қолабӣ ва ё аз қалб? нафаҳмидем?
Д.Шукруллозода, муовини раиси ноҳияи Кӯшониён