ҶАВОНОНРО ДАР РУҲИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ТАРБИЯ НАМОЕМ!

       Вокуниш: Воқеаҳои ҳузнангези шаҳри Хоруғ ҳар як сокини тоҷикистониро бетараф гузошта наметавонад. Аз тарафи як зумра ҷавонони ноогоҳ ташкил гардидани тазоҳурот, рӯй овардан ба ҳар гуна бенизомиҳо, лату кӯби шахсони бегуноҳ, раиси вилоят, прокурор ва дигар кормандони ҳифзи ҳуқуқ ин нишонаи эҳтиром нагузоштан ба давлату миллати худ мебошад. Чунин амалҳои ношоиста ва нангин мо занону бонувон ва модарони хатлониро сахт ба шигифт овардааст, зеро: Бани одам аъзои якдигаранд, Ки дар офариниш зи як ҷавҳаранд. Чу узве ба дард оварад рӯзгор, Дигар узвҳоро намонад қарор. Занону модарони бадахшонӣ, мо ба Шумо ҳамчун занону модарони соҳибмаърифату обрӯманд ва бонуфуз муроҷиат менамоем, ки дар чунин лаҳзаҳои ҳассос қарзи модарии худро боз ҳам боло бардоред. Фарзандон, ҷигарбандон ва ҷавононро ба роҳи дуруст, ба зиндагии орому осуда, далерию ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, худогоҳию хештаншиносӣ даъват намоед, зеро ҷавонон ояндаи давлату миллатанд ва маҳз Шумо занону модарон метавонед, ҷавононро аз ҳар як роҳи хато баргардонед. Мо бонувони хатлонӣ, бо Шумо занону бонувони бадахшонӣ ифтихор мекунем, ки ба мисли Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, Ширин Бунёд, Мамадшо Илолов, Парвонахон Ҷамшедов, Ато Мирхоҷа ва дигарон барин шахсиятҳои барҷастаро офаридед, ки имрӯз миллати тоҷик бо онҳо фахр мекунанду кору пайкори онҳоро пайравӣ менамоянд. Президенти кишварамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон дар хусуси мавқеи зан дар ҷомеа қайд намудаанд: “... зан – модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони одам, аз ҷумла Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд”. Бале, зан модар офаранда ва дорои заковати азалӣ ва нерӯи созанда мебошад ва дар иҷрои рисолати аслии худ тарбияи фарзандони бонангу номус, соҳибмаърифат, хушахлоқу ватандӯст ва худшинос саҳми шоиста мегузоранд. Мо боварӣ дорем, ки маҳз бо ҷаҳду ҷидолҳо ва ташаббусҳои Шумо занони бадахшонӣ ҷавонони фирефтаи гуруҳҳои ифротӣ гардида аз роҳи бад, харобкорӣ ва ҷиноятҳо ба ҳаёти осоишта бармегарданд. Дар ин ташаббусҳои оқилона, некбинона ва ватандӯстона, албатта Шуморо шахсиятҳои маъруф, занҳои номвару номбардори бадахшонӣ Раънои Мубориз, Рудобаи Мукаррам, Гулнисои Ато, Руқияи Давроншоҳ, Зарнигори Муборакшоҳ, Саодати Саидназар ва садҳо нафари дигар дастгирӣ намуда, дар диёри худ сулҳу ваҳдат, дӯстию рафоқат ва рӯзгори пурнишотро танинандоз мегардонид. Мо занону бонувон ва модарони хатлонӣ боварии комил дорем, ки модарони бадахшонӣ ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият ва ба роҳи дуруст ҳидоят намудани ҷавонон саҳми худро мегузоранд.

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Шомалангова Миҷгона

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.