ВОКУНИШ: Бетарафӣ, дар ростои таъмини амнияти миллӣ хиёнат ба миллату давлат ҳисобида шавад. Дунёи муосир чунин шакл гирифтааст, ки андак саҳв ва хатои кӯчаке метавонад, назми ҷомеаро ба ҳам занад, амнияти миллиро зери хатари ҷиддӣ қарор диҳад ва дар охир кишвареро ба гирдоби ҷангҳои мусаллаҳона партоб намояд. Амният падидаест, ки доим ба таҳким ва ҳифз ниёз дорад. Омилҳо ва зуҳуроти гуногуне вуҷуд доранд, ки ба амнияти миллӣ таҳдид мекунанд. Амнияти миллӣ шояд нодиртарин падида барои рифоҳу осоиши як миллат ва мардум бошад. Он як объекти маҷмӯй буда, ба навҳо ва шаклҳои гуногун ҷудо мегардад. Вобаста ба соҳаҳои мухталифи ҳаёт амният низ соҳаҳои мухталифи ҳаёт амният низ соҳавӣ мешавад. Таҳдид ба яке аз ин соҳаҳои амният таҳдид ба системаи амнияти миллии як кишвар ҳисобода мешавад. Эҷоди халал дар яке аз ин шохаҳо системаи таъмини амниятро заиф ва нотавон мегардонад. Аз ин рӯ, тақвияти системаи худмуҳофизатии кишвар ва эҷоди фазои устувору солими боварибахш баҳри таҳкими амнияти миллӣ кори ҳамешагии ҷомеа, давлат ва афроди саршиноси миллат маҳсуб меёбад.
Хатари ақидаи афротӣ барои ҷомеаи Тоҷикистон на камтар аз хатари бомбаи худтарканда аст. Экстримизм ё ҳамон ифротгароӣ тарзи тафаккур ва ҷаҳонбинии хосест, ки амалҳои интихорию террористи дар он аз ҷиҳати назаряви “асоснок” шуданд. Ба таври сода, экстремизм тавлидкунанда ва модари терроризм аст. Яъне экстремизм чашма аст ва терроризм ҷуест, ки аз он равон аст. Бинобар ин агар мо хоҳем, хатари терроризмро рафъ намоем, бояд бо экстремизм муборизаи беамон барем. Роҳҳо ба усулҳои хушконидани чашмаро кор карда бароем. Чашма, ки хушк гардид ҷӯй ба тариқи табии мехушкад. Мо бояд аз моҷароҳои хунини кишварҳои ховар миёна бардошт ва ибрате барои худ гирифта бошем. Сурия ва Ироқ кишварҳои пешрафтаи ҷаҳони араб маҳсуб меёфтанд. Сурия бузуртарин имкониятҳои рушди сайёҳии оламро дошт ва ҳатто аз барои доштани ёдгориҳои таърихи “Арӯси машриқзамин” унвон гирифта буд. Акнун ҳолати онро бингарем, ки ба чи ҳоле гирифтор гаштааст.
Ҷ. Ашуров, сармутахассиси дин, танзими
анъана ва ҷашну маросимӣ
ҷ.д. Ориёни ноҳияи Кӯшониён