"Мардуми Бадахшон-хоҳони оромианд"

      Вокуниш: Вақтҳои охир бо айби баъзе фардҳои каммағз, ки бо баҳонаҳои беасосу пуч вазъи кишвар ва фазои Бадахшонро ноором карданӣ мешаванд, боиси нигаронии мардуми сулҳдӯсти тоҷик гардидааст. Таҳдиду таҳқири Мамадбоқир нисбат ба Лутфулло Наврӯзов, сардори Раёсати маорифи ВМКБ боиси қаҳру ғазаби мардум гардид. Мамадбоқир бо ин амали ноҷавонмардонааш чеҳраи воқеиашро нишон дод. Ӯ аз ҷинояткорон пуштибонӣ мекунад, агар саҳифаҳои ҳаёташро варақгардон намоем, ҳамеша ба ҷинояту мардумозорӣ машғул будааст. Шуғли асосии ӯ ноором кардани як гӯшаи диёри азизи мо аст. Мо бояд хуб дарк кунем, ки барои содир кардани ҳар гуноҳ ҷавоб додан лозим аст. Мо мардуми Хатлонзамин боварӣ дорем, ки бародарони Бадахшонии мо ҳамавақт тарафдори дӯстиву ВАҲДАТ ва ягонагии халқи тоҷикро мехоҳанд ва ҳеҷгоҳ сабабгори ҷангу нооромиҳои Ватани ягонаи ҳамаи мо ТОҶИКИСТОН наҳоҳанд гашт.

Раҳимова М., директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 1, н. Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.