Мо ҷавонони ноҳияи Кӯшониён, муроҷиати ҷавонони ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшонро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ тамошо намуда, нигарон аз он ҳастем, ки онҳо пуштибони аз амалҳои ғайриқонунии Гулбиддин Зиёбеков намуда, аз кирдорҳои ӯ ва ҳамраҳони ҷиноаткораш дар ҳудуди вилоятро нодида гирифтанд. Мақомотҳои дахлдори давлатӣ ҳодисаҳои ба амал омадаро шарҳу тавзеҳ дода, бо далелу таҳлилҳои амиқ амалҳои ғайриқонунии ҷиноаткоронро пешниҳод намуданд. Бадахшон қисми ҷудонашавандаи Тоҷикистони азиз буда, мардуми сарбаланду меҳмонавоз мебошад. Вобаста ба вазъияти ба амаломада дар вилояти Бадахшон тӯли моҳҳои охир ба сокинони мардуми бофарҳанги ноҳияи Роштқалъа ва шаҳри Хорӯғ гуфтанием, ки ба ҳеҷ гуна дасисаҳо дода нашаванд, ҷинояткоронро тарафдорӣ накунанд, фирефтаи макру ҳиллаҳои гуруҳҳои ҷиноятпеша нагарданд. Дар тамоми қаламрави Тоҷикистон сулҳу осоиштагӣ ҳукмрон аст. Мутаассифона, баъзе аз ҷавонони берун аз фарҳангу ахлоқи инсонӣ, ки пойдории сулҳу амонии кишварамонро намехоҳанд, бо ҳар гуна дасисаву баҳонаҳо оромиро халалдор месозанд. Мо ҷавонон шукрона мекунем, ки миллати мо соҳиби Истиқлолият аст ва таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои худ бо қадамҳои устувору боварибахш дар роҳи пешрафту тараққиёт қадам зада истодааст. Дастовардҳои даврони соҳибистиқлоли халқи Тоҷикистон шаҳодати бараълои он аст, ки мо миллати созанда ҳастем ва метавонем, ки бо қувваю иродаи мустаҳками худ Ватани маҳбубамонро дар байни ҳама кишварҳои дунё ба таври шоиста муаррифӣ намоем. Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам таълошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст. Дастовардҳои бузургеро, ки то имрӯз миллати тоҷик бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва дар партави сиёсати Ҳукумати кишвар бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил гардидааст, ҳеҷ фарди солимфикру боинсоф инкор карда наметавонад. Мо ҷавонони ноҳияи Кӯшониён муроҷиатномаи беасос ва бе мантиқи якгуруҳ ҷавонони ноҳияи Роштқалъаро маҳкум менамоем!
Таваров Қурбонҷон Раҳматович,
корманди бахши САҲШ ВА ҶТ дар ноҳияи Кӯшониён