ГУНАҲГОРИ БЕГУНОҲ!

      ВОКУНИШ: Рафтори М. Мамадбоқиров норизоии ҷомеаи шаҳрвандиро ба бор оварда, боиси нигаронии мардуми кишвар гардидааст. Мо ҳамагон бояд нисбати ин ҳодиса бетараф набошем ва ин амали авбошонаро маҳкум намоем! Боиси таассуф аст, ки дар Бадахшон ин гуна нафарони муштзӯру ҷинояткор то ҳол боқӣ мондаанд ва ҳуқуқи шаҳрвандонро бо ин кирдору рафтори ношоистаашон поймол менамоянд ва обрӯи мардуми ин минтақаро коста мегардонанд. Маълум мешавад, ки ин нафар солҳо боз бо ин роҳ фаъолият намуда, яке аз саркардагони гурӯҳҳои ҷиноятии Бадахшон мебошад. Ин гуна шахсонро тарафдорӣ кардан нашояд. Аз мардуми Бадахшон даъват менамоям, ки ин одамро ҷонибдорӣ накунанд. Осудагии кишвари маҳбубро халадор кардан хиёнат аст. Як тоифа мардум ҷиноят мекунанд, як иддаи дигар ҷинояткорро пуштибонӣ менамоянд, ки ин ҳарду амали зишт буда, қобили қабул нест. Ҷинояткор ҳатман пеши қонун ҷавоб медиҳад! Маҳалгароӣ, тафриқаангезӣ ва кинаву адоват барангехтан низ ҷиноят ба ҳисоб меравад. Дар ҳоле, ки омӯзгор дар ҳама давру замон соҳиби эҳтирому ҳурмат аст, Мамадбоқиров Мамадбоқир барин як авбоши гузаро ба Лутфулло Наврӯзов, сардори Раёсати маорифи ВМКБ даст бардоштаву латукӯб менамояд, дар куҷо рост меояд?! Ва оё ин ҷиноят нест?! Ин ҷинояти содиркардаи М. Мамадбоқиров ҚАТРАЕ АЗ БАҲР АСТ! Солиёни зиёд ҷиноят карда омадаасту худро мӯсичаи бегуноҳ мегирад ва боз мегӯяд, ки ман ҳеҷ гуна ҷиноят содир накардаам, бегуноҳам?! Гунаҳгори бегуноҳ! Дигар давру замони зӯриву лидерӣ гузаштааст! Ҷомеаи имрӯзаи кишвар дигар ин гуна амалҳоро намебардорад, намеписандад! Ҳама дар назди қонун баробаранд! Дигар мардуми ба нангу ори кишвар намегузоранд, ки ин гуна муштзӯрҳо ба афкори ҷавонону наврасон бо чунин амалҳои касифашон таъсири бад гузоранд! Аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хоҳишмандем, ки ин ҷинояткорро ба ҷавобгарӣ кашида, ҳамаи гуноҳҳои солиёни зиёд содиркардаашро тариқи ахбори омма ошкор намоянд, то ки мардум дар асл кӣ будан ва ба чӣ корҳо машғул гардидани ӯро донанд.

Ҳасан Ғуломов, Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.