ТАБРИКОТИ раиси ноҳияи Кӯшониён, Вализода Икромиддин Сироҷиддин, бахшида ба 23 феврал “Рӯзи Кувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”

     Ҳамдиёрони азиз!

   Ҳамасола 23 феврал- Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо як шукуҳу шаҳомати хосса дар кишвари азизамон ҷашн гирифта мешавад. Бисту нуҳ сол барои бунёди артиши тавоною озмоишдида муҳлати кӯтоҳ аст, вале давлати мо зери сарварии Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷодаи пуршебу фароз ба дастовардҳои назаррас ноил гашт ва ин, албатта, самараи хизмати софдилонаю содиқонаи фарзандони баору номуси Тоҷикистони азиз аст. Натиҷаи заҳмату хизматҳои ҳомиёни далеру шуҷои Ватан аст, ки мардуми шарифи кишвар санаи таърихии таъсисёбии рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлолро, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад, бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватани озоду соҳибихтиёриамон таҷлил мекунанд. Бинобар ин аз фурсати муносиб истифода намуда, ба шарафи ин ҷашни фархундаву муборак, ҳамаи Шумо ҳомиёни шуҷоъи Ватанро самимона табрик гуфта, бароятон саломатии бардавом, саодати рӯзгор, хушбахтию сарбаландӣ ва дар роҳи ҳимояи марзу буми кишвар, ҳифз намудани сарзамини муқаддасамон барору комёбиҳоро таманно дорам.

     Ҳамдиёрони азиз!

    Таҷрибаи давлатдории халқҳои олам собит менамояд, ки ҳастии ҳар давлату ҷомеа ва рушди озодонаи ҳар як фарди он маҳз ба истиқлолияти давлатӣ ҳамчун кафолати муҳимтарини бақои миллату давлат вобастагии калон дорад. Артиши миллии мо пас аз соҳибистиқлолии давлати ҷавонамон дар вазъияти ниҳоят мушкили сиёсӣ, дар ҳоле таъсис ёфт, ки ҳеҷ пойгоҳи аввалия ва ё заминаҳои моддию техникии ҳарбӣ дар мамлакат вуқуд надошт.Хушбахтона, бо шарофати хираду заковати азалии миллати тоҷик ва ҷонбозиву фидокориҳои фарзандони далеру шуҷои халқамон, аз ҷумла афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи нав таъсиси кишварамон мо тавонистем, ки аз вартаи фалокатвор раҳоӣ ёфта ба хотири бунёди давлати ҷавони миллиамон нахустин қадамњои худро гузорем ва минбаъд онро пойдору устувор гардонем. Таҳавулоту ҳодисоти вақтҳои охир ба амал омада бахусус, вазъи зуд тағйирёбандаи ҳарбиву сиёсии сайёра, аз ҷумла минтақа, торафт густариш ёфтани доираи фаъолияти гурӯҳи созмонҳои террористиву экстремистӣ, инчунин гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷинояткорӣ фаромиллӣ аз ҳар як хизматчиёни давлатӣ, ҳарбӣ ва ҷавонон тақозо менамояд, ки дар самти ҳимояи Истиқлоли Ватани азизамон, ҳифзи амнияту давлату ҷомеа ва зиндагии ороми сокинони мамлакат доимо зираку ҳушёр ва омода бошанд. Мо бисту нуҳ солагии бунёди Артиши миллиро дар шароите ҷашн мегирем, ки Ватани азизамон ба марњилаи нави тараққиёт ворид гардида, барои таҳкими сулҳу суббот, озодӣ ва арзишҳои милливу давлатӣ қадамҳои боз ҳам устувортаре мегузорад, аз ин рӯ ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин марди ватандӯсту меҳанпараст муттаҳид шуда, якпорчагии Тоҷикистони азизро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Бояд қайд намуд, ки ҳамасола аз ноҳияи мо низ зиёда аз 200 то 300 нафар ҷавонони далеру шуҷоъ ба қисмҳои ҳарбӣ сафарбар гардида бо сари баланд хизмати ватан модарро адо намуда ба зодгоҳашон бармегарданд. Айни замон аз ноҳияи мо 1084 нафар ҷавонон дар сафи Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат намуда истодаанд. Бо ифтихор ва сарфарози қайд карданиям, ки имрӯз дар ин толор занону модароне, ки фарзандонашон дар хизмати ҳарбианд ва модароне, ки фарзандонашон хизмати ҳарбиро сарбаландона, бо дуои падару адо намуда, ба ноҳия баргаштанд иштирок доранд.  Ба ҳамаи Шумо модарони азиз ва ҷавонони ватандӯст шахсан аз номи худ миннатдории хешро баён менамоям. Моро зарур аст, ки тамоми азму ирода ва неруву малакаи худро барои тарбияи фарзандон ва ҷавонон дар роҳи худшиносии миллӣ, хизмат ба халқу Ватани маҳбубамон ва сазовор будан ба эътимоду боварии Тоҷикистон азиз роҳандозӣ намоем. Ҳар яки мо бояд дарк намоем, ки ватандӯстӣ ин арзи садоқат ба Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли худ буда, дар эҳтиром ва пос доштани арзишҳои миллӣ ва аз тамоми манфиатҳо боло гузоштани манфиати миллату давлат зоњир мегардад. Боварӣ дорам, ки Шумо ҷавонони ноҳия ҳамеша ба ватани худ содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан-Модар, миллат ва давлати Тоҷикистон бо сарбаландӣ иҷро менамоед.

       Аз ин фурсати муносиб истифода бурда бори дигар ҳамаи Шуморо ба ифтихори ҷашни 29-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда ба ҳар кадоми Шумо тансиҳативу хонаободӣ, рӯзгори неку осоишта, барори кор ва ба кишвари маҳбубамон, Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр сулҳу суботу оромии ҷовидонӣ орзу менамоям.

 

Сарбаланду саодатманд бошед, ҳомиёни шуҷоъи Ватан!

 

 

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.