БАДАХШОНРО ОБОДУ ЗЕБО НАМОЕМ!

      АНДЕША:Воқеаҳое, ки тайи чанд моҳи охир дар Бадахшон рух доданд, боиси ташвиш ва нигарониҳои мардум гардидааст. Мо хеле таассуф мехурем, ки ҷавонон даст ба амалҳои ношоиста зада, чандин нафар кормандони прокуратура, раиси вилоят, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва маорифро азобу шиканҷа дода, нооромиҳоро ба вуҷуд оварданд. Ҳамзамон, ба ин гуруҳи ҷиноятпеша даҳҳо ҷавонони дигар пайваста, даст ба бетартибиҳо заданд. Мардуми тоҷик дар ҳама давру замон мардуми сулҳхоҳу меҳнаткаш ва илмдӯсту бофарҳанг буд. Боре ҳам нашудааст, ки ба ҳамдиёрони худ даст боло карда, шаъни касеро паст зада бошанд. Ҷавонону мардуми Бадахшон, ки боиси ба амал омадани нооромиҳо гардидаанд, фикри осоиштагӣ, хонаи обод, зану фарзандонро кунанд, зеро фардо фарзандону ояндагонашон аз онҳо чӣ ибрат мегиранд? Бадахшониҳо, бори дигар воқеаҳои мудҳиши соли 1992-юмро ба хотир оред, ки он ба сари мардум чӣ гуна бадбахтиҳоро овард, мардум гурезаву дар ба дар гаштанд, ҳазорон нафар бехонаву дар монда, ятиму бенаво гаштанд. То имрӯз доғи ҷанги шаҳрвандӣ аз хонадони тоҷик зудуда нагаштааст ва афсӯс мехурем, аз он рӯзҳои бад. Бародарони бадахшонӣ, мо имрӯз бояд аз соҳибдавлату соҳибватан буданамон шукрона кунем, саъю талош намоем, ки зираку ҳушёр ва сарҷамъу муттаҳид бошем. Аз ин рӯ, муноқишаҳои дохилиро хотима бахшида, саҳми худро дар корҳои созандагиву ободонӣ гузошта, ватанамон, аз ҷумла Бадахшонро ободу зебо гардонем.

Шомалангова Миҷгона, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.