Амалӣ ноҷавонмардонаи ҷинояткоронро маҳкум мекунем!

      ВОКУНИШ: Имрӯз, ҳар як сокини кишварамонро воқеаҳои дар минтақаи Бадахшон рӯйдода бетараф гузошта наметавонад. Мо дар ҳайрат ҳастем, ки чаро имрӯз ҷавонони бадахшони фирефтаи гуруҳҳои ифротӣ гардида, даст ба ҷинояту ҷинояткориҳо мезананд? Воқеаи дигаре, ки чанде пеш ба вуқӯъ пайваст аз ҷониби ашхоси ҷиноятпеша лату кӯб гардидани Сардори Раёсати маорифи Бадахшон Лутфулло Наврузов мебошад, ки басо нигароникунанда аст. Ҷинояткорон ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ ғараз доштанду пайи озори онҳо шуда буданд, акнун навбат ба кормандони соҳаи маорифҳам расид, наход пеши роҳи чунин амалҳои ношоиста гирифта нашавад, фардо ин ҷиноятпешаҳо магар ба аҳолии осоишта дар намеафтанд? Дар ҳама давру замонҳо ба аҳли маориф, хусусан омӯзгорон мардум ҳурмату эҳтиром ва таваҷҷӯҳӣ хоса доштанд. Чунин рафторҳои ношоиста шаҳодат медиҳад, ки шояд таълиму тарбия аз тарафи маорифчиён, падару модарон чандон дуруст ба роҳ монда нашудааст. Вагарна ана ҳамин собиқ шогирдони мактаб имрӯз даст ба ҷинояту ҷинояткорӣ ва авбошиҳо намезаданд. Ҳодисаҳои аз тарафи ҷавонон сар зада дар Бадахшон, далели он аст, ки тарбияи насли наврас солҳои охир шояд чандон ба талабот ҷавобгӯ нест, зеро дар тайи чанд моҳи охир шумораи ҷавонони гумроҳ дар Бадахшон ба маротиб зиёд гашта, даст ба харобкориву мардумозориҳо заданд. Мактабу маориф макони илму маърифат ва таълиму тарбия аст. Маҳз ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама гушаву канори кишварамон, аз ҷумла Бадахшон садҳо мактабҳои наву замонавӣ бо шароитҳои муосир сохта ба истифода дода шуданд, ки сатҳу сифати таълиму тарбия боло бурда шавад. Аммо тарбияи насли навраси имрӯза самараи хуб надода истодааст. Имрӯз махсусан дар мактабҳо, литсею донишгоҳи ВМКБ корҳои тарбиявиро хело пурзур намудан лозим аст. Ба насли наврас, ба ҷавонон аз ҷониби омӯзгорон, кормандони ташкилоту муассиса, падару модарон оқибати даст ба ҷинояткориҳо задан, пайвастан ба гуруҳҳои ифротӣ, гирифтани пеши роҳи истифодаи маводҳои мухаддир басо саривақтӣ мебошад. Мо, аминем ки мардуми сарбаланди Бадахшон ҳушёриву зиракиву сиёсиро аз даст надода ҷавонону наврасон ва фарзандони худро дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ҳурмату эҳтироми калонсолон тарбия намудан, сулҳу оромиро пойдор менамоянд.

 

Ҳайдарзода. М, директори

Маркази алоқаи почта

дар ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.