ПАЁМ РОҲНАМО БА ФАРДО

       АНДЕША:Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврае пешниҳод гардид, ки кишвари азизамон ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, ба сӯйи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад. Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирифт мавриди таваҷҷуҳи амиқи аҳли ҷомеаи Тоҷикистон қарор гирифтааст. Зеро аз ин ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ мардуми кишвар ва аҳли заҳмати соҳаҳои гуногун оид ба пешравиҳои назарраси иқтисодию иҷтимоӣ ва вазифаҳои стратегии давлатамон маълумоти дақиқу эътимодбахш пайдо менамоянд.

Татбиқи саривақтии дастуру супоришҳои аз Паём бармеомада, заминаи асосии пешрафти соҳаҳои мухталифи давлатдориро ба миён оварда, дар марҳилаи аз Паём то Паём корҳои зиёди созандагиву бунёдкорӣ ва рушди босуботи соҳаҳои гуногун таъмин мегардад. Бинобар ин, дар маҷмӯъ Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин як барномаи амалест барои тамоми қишрҳои ҷомеаи кишвар, чунки дар Паёми ҳамасола Сарвари давлат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистонро муайян менамояд.

Ҷаноби Олӣ дар баромади худ қайд намуданд, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани вазъи соҳаҳои иқтисоди миллӣ доир ба истифодаи самараноки захираву иқтидорҳои молиявӣ, истеҳсолӣ ва табии кишвар, пешбурди пешбурди сиёсати самараноки молия ва қарз, риояи қатъии низоми истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, дастгирӣ ва ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ, тақвияти иқтидорӣ содиротӣ, бахусус, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ тодбирҳои иловагӣ андешидан зарур аст. Ҳукумати мамлакат бо дар назардошти таъғирёбии глобалии иқлим ва зарурати рушти энергетикӣ “Сабз” бояд то охири соли 2022 стратегияи рушди иқтисодии “Сабз”дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул карда татбиқи онро таъмин намояд. Ҳамчунин ҷиҳати рақамикунонии бомароми иқтисоди миллӣ ва ташаккул додани заминаи технологии он ба ислоҳоти соҳаи алоқа тақвият бахшида, гузориши тадриҷи ба иқтисоди рақами ва хизматрасониҳои рақами дар ҳамаи соҳаҳо таъмин карда шавад. Ҷаноби Олӣ таъкид намуданд, ки ин воқеият ва талаботи замони муосир мебошад. Ҳалли сари вақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи мардуми аз ҷумла бо роҳи мунтазами таъсис додани ҷойҳои нави кори, зиёд намудани ҳаҷми даромади аҳолӣ, баланд бардоштани музди меҳнати кормандон нафақа ва стипендияҳо аз ҷумла масъалаҳои муҳимтарин дар ин давра мебошанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар охир таъкид намуданд, ки масъалаҳои баррасигардида ва дастуру супоришҳои дода, пеш аз ҳама ба ҳифзи сулҳу суббот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои халқи тоҷик равона гардида, таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат, фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтарин зиндагӣ ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрӯи Ватани маҳбубамон вазифаҳои аввалин дараҷаи мо маҳсуб меёбад. Ҷињати ноил шудани ба ин ҳадафҳои олӣ моро зарур аст, ки барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани азизамон содиқона заҳмат кашем, корҳои бенёдкориву созандагӣ дигаргуниҳои иқтисодиву иҷтимоиро ба роҳ монем.

Ш. Азамзода, мудири бахши бойгонии мақомоти

иҷроияи ҳокимияти давлатии

ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.