"Терроризм ва экстремизм хатари сартосари ҷаҳон"

      ВОКУНИШ: Терроризм ва ифротгароӣ раванди даҳшатборе барои ҷомеа шинохта шуда, ҳамчун падидаи номатлуб ва проблемаи байналмилалӣ зуҳур кардааст. Бояд қайд намуд, ки мақсади асосии ин гуна ҳаракатҳо танҳо ва танҳо халалдор кардани оромӣ ва вайрону валангор намудани тамоми арзишҳои фарҳангӣ мебошад. Тавре маълум аст, дар кишварҳое, ки аз терроризму ифротгароӣ осеб дидаанд, қаҳтию гуруснагӣ ва баъзе бемориҳои сирояткунанда ба вуҷуд омадааст, ки ҷони садҳо ва ҳазорҳо инсонҳоро мерабоянд. Маҳз бо ҳамин мақсадҳои нопоки худ рӯз аз рӯз терроризм ва ифротгароӣ домани худро фарох намуда, хатари он давлатҳои зиёди ҷаҳонро таҳдид менамояд. Соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ифротгароӣ» қабул карда шуд, ки мақсади он, пеш аз ҳама, риоя кардан ва ҳимоя намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, асосҳои сохти конститутсионӣ, таъмини якпорчагӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ин робита, ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ борҳо таъкид намудаанд ва ҳоло ҳам иброз медоранд: “«террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надоранд!» . Террорист – террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худӣ” ё “бегона” ва ё “таҳаммулгарову” “тундгаро” буда наметавонад Мо, ҷавонон ҳамеша бо суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгири мекунем.

Савзализода Муродҷон, гирандаи Стипендияи Президентӣ дар ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.