ХОИН ҲАҚҚИ СУХАН ГУФТАН ДАР БОРАИ ИН ДАВЛАТУ МИЛЛАТРО НАДОРАД!

       ВОКУНИШ: Терроризм ва экстремизм яке аз падидаҳои номатлуби ҷомеа ба ҳисоб рафта, он хатар ба ҷони шаҳрвандони бегуноҳ ва заволёбии давлату миллат шуда метавонад. Мутаассифона, бо пайдо шудани интернет ва сомонаҳои иҷтимоӣ фаъолияти онҳо боз ҳам бештар гардид. Зеро онҳо ба воситаи интернет фаъолияти худро ба роҳ монда, нафарони зиёд, хусусан, ҷавононро ба гурӯҳҳои худ шомил кардан мехоҳанд. Мақсад ва ҳадафи онҳо маҷбур сохтани давлат, ташкилоти байналмилалӣ, шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, гурӯҳи одамон ва ғайра буда, барои амалӣ намудани ниятҳои нопок ва худдорӣ кардан аз кадом як ҳаракати беадолат аст. Онҳо тавассути фаъолияти худ аз як минтақа ба минтақаи дигар расида, мехоҳанд амалҳои бераҳмонаву ҷоҳилона анҷом дода, ҳазорон нафар мардуми осоиштаро ба доми марг тела диҳанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки терроризм барои амалӣ сохтани ниятҳои даҳшатбори худ на ба кӯдакон ва на ба занону модарон раҳм намекунад. Бо ҳаракатҳои ваҳшиёна ваҳм тарс, душманӣ ва нафратро дар вуҷуди инсоният ҷо намуда, мақсад доранд, ки вазъи сиёсиро ноором сохта, зиддият миёни қишрҳои ҷомеа, обрӯи як давлат ва муносибатҳои дипломатии онро коста гардонад. Имрӯзҳо хоинони миллати мо низ ба ин гурӯҳҳо пайравӣ карда, бо ваъдаҳои бардурӯғ ва факту далелҳои сохта аз дур ба сари мардуми осоишта борони нафрат мерезанд. Миёни мардум низоъ андохта онҳоро ба ҷанг даъват кардан мехоҳанд. Мо бояд фаромӯш насозем, ки хоин дигар шаҳванди ин миллат нест ва ҳаққи сухан гуфтан дар бораи ин давлату миллатро надорад. Агар ӯ ҷонибдори зиндагии осудаи мардум ва тарафдори сулҳу пешрафти ҷомеа мебуд, ҳеҷ гоҳ ба Ватан – модари хеш хиёнат намекард. Кишвари азизи мо – Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи дигар кишварҳои муқтадири ҷаҳон бар зидди ин зуҳуроти хатарзо мубориза бурда, аз минбарҳои сатҳи ҷаҳонӣ терроризм ва экстремизмро маҳкум карда, паёмадҳои ногувори онро ҳамеша ҷилавгирӣ намудааст. Имрӯз, танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дастгириву мусоидати мардум ва ҳушёриву зиракии сиёсӣ имкон медиҳад, ки садди роҳи ин хатар гирифта шавад.

Маҳмадалӣ Одинаев, сокини ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.