Ҳамдиёрони азиз!
Инак, ба диёри соҳибистиқлоли мо боз иди баҳору зебоӣ, соли нави аҷдодиамон, Наврӯзи оламафрӯз қадам ниҳодаю бо худ савту садо ва сарсабзию хуррамӣ овардааст. Ба ин муносибати фараҳбахш, ки нусрату иқболи тамоми мардуми тоҷик мебошад, ҳамаи шуморо табрику муборакбод намуда, бароятон сулҳу осоиш, бахту саодат, хонаи обод ва рӯзгори пурфайзу осударо таманно дорам. Наврӯз яке аз идҳои бостонии писандидаи тоҷикон аст, ки аз замони пайдоиш то ин замон дар байни дигар халқҳо паҳн гашта, таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад. Ин ид миёни халқҳои Осиёи Миёна ҳамчун “Иди соли нав” ҷашн гирифта мешуд. Дар гузашта дар байни шаҳрҳои бузурги олам сайргоҳҳо мавҷуд буданд, ки мардумон ҷашни Наврӯзро самимона бо ҳама шаҳоматаш ҳамчун эҳёи анъанаҳои миллӣ ҷашн мегирифтанд. Аёми Наврӯз дар шаҳру деҳот зиёфатҳо барпо намуда, мерақсиданд, шеъру суруд мехонанд ва ба кишту кор оғоз намуда, ниҳолу зироатҳои гуногун мешинонанд. Гузаштагонамон ҳанӯз аз замони шоҳ Ҷамшеди бузургу хирадманд ҷашни Наврӯзро ҳамчун рамзи пайванди ногусастанӣ миёни табиату инсон, аёми покиву сафо, муҳаббату дӯстӣ, эҳсону сахо ва бахшоишу самимият бо шукӯҳу ҷалоли хосса таҷлил мекарданд. Ҷашни Наврӯз нишебу фарозҳои таърих, ҳаводиси сиёсию иҷтимоӣ ва маънавиҳои зиёдеро паси сар карда, то ба имрӯз бо тамоми шукӯҳу шаҳомат ва анъанаҳои воқеан ҳам бемислу монанд, то замони мо омада расидааст. Оид ба пайдоиш ва таърихи пурғановат, тартиби баргузории ин ҷашни кӯҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумотҳои зиёд зикр гаштаанд, ки донишмандони тоҷику эронӣ ва хориҷӣ мақолаю рисолаҳои арзишмандро рӯи қоғаз овардаанд. Беҳуда нест, ки ҷашни Наврӯз бо мурури замон дар байни дигар миллату қавмҳои тамоми дунё эътибори хоса ба худ касб намудааст, ки онҳо низ онро ҷашн мегиранд. Маҳз ба фасли зебои сол ва оғози кишту кори деҳқон рост омадану таҷассуми анъанаҳои нотакрори Наврӯзӣ ба монанди орбезон, гулгардон, ҷуфтбаророн, оташпаррон, суманакпазӣ, хонарӯбон, бозиҳои наврӯзӣ ва сайри Наврӯз ба ин ҷашн ҳусну таровати хосса зам намуда, онро миёни дигар миллату қавмҳо маъруфу маъмул гардонидааст. Аз омадани Наврӯз пеш аз ҳама наврасон ба иҷрои анъанаи гулгародонӣ ба дигарон хабар медоданд. Онҳо чанд ҳафта қабл аз омадани Наврӯз гурӯҳ шуда, аз кӯҳу пуштаҳо гулҳои сиёяҳгуш, бойчечак ва гули зардакро ҷамъ оварда, сурудхонон дохили ҳар хонадон мегардиданд ва ба онҳо муждаи омадани Наврӯзро мерасониданд, мардумон бошанд, гулро ба дидаҳо молида ва ба кӯдакон шириниҳо медоданд, ки ин анъана гулгардонӣ ном гирифтааст. Марди деҳқон бошад, ҷуфтбаророн намуда, ба корҳои саҳрои оғоз мебахшид, ки он аз оғози кишту кори баҳорӣ дарак дода, ҳамзамон барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ, мардони рӯзгордида даст ба дуо мебардоштанд. Тозаю озода намудани манзили зист ин ворид шудани мардумро ба соли нав бо орзую омоли нав таҷассум намудан, як рамзи хоси ин ҷашн мебошад. Суманакпазӣ, сайри наврӯзӣ, таронаи наврӯзӣ, пухтани таомҳои наврӯзӣ низ анъанаҳои хоси наврӯзӣ буда, ба худ меҳру муҳаббати самимӣ доштан, нишон додани фарҳангу маданияти пурғановати мардуми форсзабонро муаррифӣ менамояд. Оре, мо ифтихор аз он мебарем, ки чунин ҷашну маросимҳои аҷдодӣ дорем, ки онҳо муаррифгари мардуми мо буда, беҳтарин арзишҳои маънавию фарҳангӣ мо мебошад ва маҳз ана ҳамин ҷашни Наврӯз аз ҳудуди таҷлили миллии мо берун рафта, фаромиллӣ гардидааст. Зинда кардани тамаддуни аҷдодиамон ва ба ин васила бори дигар ба тамоми олам муаррифӣ намудани арзишҳои миллии мо ва ҳифзи ин арзишҳо кору пайкори доимии фарзанди барӯманди халқи тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидааст, ки ҳар яки мо бояд бечуну чаро ба қадру манзалати он бирасем.
Байналмилалӣ гардидани Наврӯз худ гувоҳи он аст, ки аҷдодони мо чигуна фарҳанги бою пурғановат доштанд ва онро кишварҳои зиёд пазироӣ намуда, бо шакли қадимааш қабул намуда ҷашн мегиранд. Маҳз, истиқлолияти давлати заминаи мусоид фароҳам оварда, ки мо аз таърихи тамадуни худ ёд кардему, зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи арзишҳои миллӣ пардохтем.
Маълум аст, ки барои дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тули солҳои охир оид ба бунёдкорию созандагӣ, тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, барои рушди иқтисодию иҷтимоии давлат, устувор намудани заминаҳои моддию техникии соҳаҳои мухталифи давлатдорӣ корҳои зиёде ба сомон расонида, ба ҳадафҳои стратегии худ ноил гардида истодааст. Дар ин радиф мардуми сарбаланду меҳнаткаши ноҳияи мо низ барои рушду нумӯи Ватани азизамон нақши худро гузошта истодаанд. Дар даврае, ки сулҳу субот, ваҳдат, сарҷаъмиву ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа густариш ёфта, сатҳи зиндагии мардум сол ба сол беҳтар мегардад, ман боварии комил дорам, ки мардуми шарифи ноҳияи Кӯшониён бо дарки масъулияти давлатдорӣ ва рисолати шаҳрвандӣ барои корҳои созандагию бунёдкорӣ ва дастгирии ниёзмандон, маъюбону бепарасторон ва ятимон саъю кӯшиш намуда, бо меҳнати созанда ва ташабусҳои ҳамешагиашон татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ хоҳанд кард.
Сарҷамъии мардум исботи иттиҳодию итифоқӣ, тинҷию оромӣ ва пойдории сулҳу ваҳдати кишвар мебошад, ки маҳз дар заминаи сиёсати сулҳҷуёна ва ваҳдатофарии Пешвои муаззами миллат ба даст омадааст. Барои истиқболи арзандаи он ба ҳар як фарди бонангу номус зарур аст, ки бо шукронаи соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ ҳар рӯзро пурсамар истифода бурда, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани хонаву кошона ва маҳалли зисти худро вусъат бахшад. Мо бояд шукрона аз он кунем, ки имрӯз дар фазои озод, дар мамлакати соҳибихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил бузургтарин ҷашни аҷдодиамон Наврӯзро таҷлил менамоем. Дар фарҷоми сухан бори дигар ҳамаи Шуморо ба ҷашни аҷдодиамон Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрику муборакбод намуда, ба хонадони ҳар яки шумо ободиву осоиш, хушбахтиву некрӯзӣ ва саодату сарбаландиро хоҳонам.
Ҷашни Наврӯз муборак, ҳамдиёрони азиз!