“Дар шароити мураккабу печидаи ҷаҳони муосир хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки барои ҳимояи марзу буми давлати соҳибистиқлоламон, ҳифзи суботи сиёсӣ ва қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ доим омода бошанд.Мо ба фарзандони ҷасуру далери халқамон – ҳомиёни Ватани маҳбубамон эътимоди комил дорем ва бо онҳо ифтихор мекунем”.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯз 1 апрели соли 2022, бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2022, №352 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ”, бо иштироки роҳбарияти ноҳия, кормандони комиссариати ҳарбӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, падару модарон ва ҷавонон, дар назди бинои Кохи фарҳанг ва комиссариати ҳарбии ноҳия чорабинии тантанавӣ “Рӯзи даъватшаванда, бо гусели 76 нафар ҷавонони ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар суханронии худ Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳия қайд намуданд, ки мо фаъолон, пеш аз ҳама вазифадорем, ки дар таъмини иҷрои Фармони Сарфармондеҳӣ Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, ҳифзи муққадасоти миллӣ, амну субот ҳимояи марзу буми кишвари азизамон ва баланд бардоштани масъулияти ҷавонони азизи ноҳия тадбирҳои заруриро амалӣ намоем. Мо дар шароите қарор дорем, ки Ватани азизамон ба марҳилаи нави тараққиёт ворид гардида, барои таҳкими сулҳу субот, озодӣ ва арзишҳои милливу давлатӣ қадамҳои боз ҳам устувортаре мегузорад, аз ин рӯ ҳар якимо вазифадор ҳастем, ки дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин марди ватандӯсту меҳанпараст муттаҳид шуда якпорчагии кишвари азизро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Ҳамзамон, раиси ноҳия миннатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ба тамоми волидони ҷавонони ихтиёрӣ сафарбаршуда баён намуда, ба ҷавонони сарбаланди ноҳия баҳри адои содиқонаи хизмати ҳарбӣ сарбаландӣ, тансиҳатӣ ва некномӣ таманно намуданд. Сипас, якчанд собиқадорони ҷангу меҳнат, волидони даъватшавандагон ва ҷавонони сафарбаршуда баромад намуда, миннатдории худро ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, барои шароити мусоид фароҳам овардан ва дастгириҳои пайваста баён намуданд. Ҷиҳати ҳавасмандии ҷавонон, дар рафти чорабинӣ марҳилаи аввали супоридани Шаҳодатномаҳои хатми курси ронандагӣ ва шаҳодатномаи хатми омузишӣ касби кавшергарӣ низ аз тарафи роҳбарияти ноҳия ба ҷавонони даъватшаванда супорида шуд. Модарони азизу меҳрубон анъанаҳои неки гузаштагонро баёд оварда, ҷавононро бо нону кулчаҳои зебои омоданамуда, гусел карданд. Дар фарҷом, кормандони шуъбаи фарҳанги ноҳия бо барномаи рангини фарҳанги ва шеъру сурудҳои ватандӯстона, иштирокчиёни чорабиниро болидахотир намуданд.
Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён