ВОКУНИШ: Терроризм ва экстремизм дар шароити кунунӣ, ҷиноятӣ дорои хусусияти ҷаҳонӣ буда, мубориза зидди он ҳамкории пайвастаи доимӣ ва мутақобилаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсусро тақозо менамояд. Гарчанде ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи мо шаҳрвандон низ зарур аст. Терроризм дар тамоми шаклҳо ва зоҳироташ маҳкум карда шуда, зарурати мутобиқати амали ҳамаи ҷамъияти ҷаҳониро оид ба решакан кардани ин золимӣ дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ баромад менамояд. Эктремизм ин коста гардидани фикру ақида, ҷалб намудан ба ҳаргуна ҳаракатҳо, барангехтани кинаву адоват дар ҷомеа ва бо ин роҳ расидан ба мақсадҳои ғаразноки худ мебошад. Ҳамин тариқ, мубориза бар зидди терроризм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат буда, вазифаи худро дар ин соҳа тавассути мақомоти ҳокимияти давлатӣ амалӣ менамояд. Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм на танҳо вазифаи давлат инчунин вазифаи ҳар шахси ватандӯст мебошад.
Суҳроби Мунавара, гирандаи Стипендияи Президентӣ дар ноҳияи Кӯшониён