ВОКУНИШ: Дар марҳилаи нави таърихи башарӣ рушд ёфтани фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ ва террористии байналмилалӣ боиси таассуфу нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Ҳақ бар ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки мегуяд: «Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст» Дуруст гуфтаанд, ки дар ҷойе садои тир ҳаст, садои ақл шунида намешавад. Террорист қатлу ғорат мекунад, экстремист ифротгаро ва иғвоангез аст! Ифротгароӣ ва иғвоангезӣ дар тамоми давру замон хамчун падидаи ногувор ва номатлуб шинохта шуда, ҷомеаро ба оқибатҳои нохуш гирифтор месозад. Аз ин ру бояд, Мо ҷавонони солимфикру бомаърифат қодир бошем, ки барои ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат ва барои ҳифзи дастовардҳои азими Истиқлолияти давлатии кишварамон, ки 30-солагии онро таҷлил намудем, якҷо бо як диди навину тоза амал намоем.
Сабзалиев Абдулазиз, гирандаи Стипендияи Президентӣ дар ноҳияи Кӯшониён