Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм на танҳо вазифаи давлат, инчунин вазифаи ҳар шахси ватандӯст мебошад

      АНДЕША: Дар охири қарни 20 ва ибтидои садаи 21 инсоният ба хатари ҷиддие мисли терроризм ва экстремизм рӯ ба рӯ шуд, ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунад. Махсусан ибтидои ҳазораи нав амалҳои ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ бештар характери сиёсӣ гирифта ва доираи фаъолияти террористон фаъол гардид. Бо инкишофи техникаву технологияи муосир шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд омаданд, ки аз рӯи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд. Яке аз мушкилоти умдаи имрӯза тамоюл ва гароиши ҷавонон ва ҳамин гуна ҷамъияти асосии мамлакат ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоист. Инҷо саволе ба миён меояд, ки чаро сарзамини тоҷикон, ки қадимтар аз худи таърих ва нахустин гаҳвораи тамаддуни башарист, дорои мардумоне хайрхоҳу фарҳангдӯст ва соҳиби дину оини солим аст, бо ин балои осмонӣ ва падидаи шайтонӣ рӯ ба рӯ шуд?

Сиёсишавии ислом ва истифодаи фаъолонаи он аз тарафи доираҳои сиёсии як қатор кишварҳои Осиёи Марказӣ барои ба даст овардани манфиатҳои гурӯҳиашон омили муҳим гардид. Дар баъзе ҳолатҳо дини мубини исломро гурӯҳҳои ғаразхоҳ ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва дигар фаъолиятҳое, ки баъзан характери ҷиноӣ ба худ гирифта буданд, пайваст намуданд. Дар маҷмуъ қать гардидани тамоюли робитаҳои анъанавӣ дар байни давлатҳои муштаракул манофеъ ба он оварда расонд, ки дар муқобили паҳн гардидани ифротгароии исломӣ роҳбарони ин кишварҳо оҷиз монданд.  Барои он, ки мардуми мо хусусан ҷавонон маърифати созанда дошта бошанд ва на маърифати сӯзанда, бояд ҳар як идораву муассиса, ҳар як фарди дилогоҳу ватандӯст, ҳар кадоми мо даст дар дасти ҳам ниҳем ва дар ин ҳамбастагӣ онҳоро аз ҷодаи торики гумроҳӣ то шоҳроҳи мунаввари Ваҳдат ҳамроҳи намоем. Дар ин росто, бо нигаронӣ аз хатарҳои муосири имрӯза, тибқи баъзе маълумотҳои коршиносон дар ҷаҳон тақрибан 500-созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ ба таври пинҳонӣ кор мекунанд, ки ҷомеаи ҷаҳониро фарогир гаштаву бештар ба истиқлолияти давлатҳо бо роҳи зарбаи манфӣ задан ба афкору рафтори ҷавонон таҳдид менамояд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Рањҳон дар назди ҷавонон чунин вазифа гузоштанд: «Ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, ба хусус амалҳои фоҷиабори онҳоро, ки зери номи мубораки ислом анҷом дода мешаванд, хуб фаҳманд, дар ғафлат намонанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳимояи ватанро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд».

Дар ана ҳамин маврид моро зарур аст, ки барои ҳифзи ҷомеа аз таъсири манфии ҳамагуна зуҳуроти номатлуби хатарҳо, нигоҳ доштани сулҳу оромӣ, Ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва таъмину таҳкими амнияти давлат ва халқамон ҳамеша омода бошем. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби аксарияти парлумонӣ тавассути фраксияи худ дар парлумони кишвар дар таҳкими заминаҳои ҳуқуқии мубориза алайҳӣ терроризму экстремизм саҳми муносиб дошта, ташкилотҳои он ба корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ ба хотири ҷилавгири аз гароиши шаҳрвандон, бахусус ҷавонон ба гуруҳҳои террористию экстремистӣ машғул мебошанд. Хулоса, ҳамаи мо вазифадорем, ки пеш аз ҳама худамон намунаи ибрат бошем, нангу номуси ватандори дошта бошем, мардуми кишварро ба ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро ба манфиатҳои миллат ва давлат гирем, воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳанпарвар бошем. Итминони комил дорем, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарафманди тоҷик дар ободӣ ва шукуфоии ватани азизамон саҳми арзандаи хешро гузошта, баҳри таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти комили Ватан хидматҳои шоиста хоҳанд кард.

М.Шомалангова, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.