Чанде пеш, дар толори Кохи фарҳанги ноҳия, тибқи нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, вобаста ба рафти иҷрои “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, бо иштироки Д.Шукруллозода муовини раиси ноҳия, намояндагони КДАМ ва ШВКД дар ноҳия, ҷавонони ташкилоту идораҳо ва хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимӣ Конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид. Сараввал кормандони бахши кор бо ҷавонон варзиши ноҳия Тоҳирова Тоҷиниссо вобаста ба амалишавии Стратегияи мазкур аз тарафи бахш ва корҳои ба сомони расонида то инҷониб маълумоти муфассал пешниҳод намуда, қайд гардид, ки аз тарафи бахш дар ин давра беш аз 70 маротиба вохуриву суҳбатҳо ва аксияҳо баргузор гардидаанд, ки ин корҳои амалӣ бо маром рафта истодааст. Баҳри ҷалби ҷавонон ба варзиш ва корҳои ободонию созандагӣ мунтазам чорабиниҳои варзишӣ, хонишҳои сиёсӣ ва аксияҳои тозагии маҳаллу кӯча баргузор шуда истодааст. Инчунин, дар рафти Конференсия якчанд ҷавонони фаъол ва кормандони ҷавони ташкилоту идораҳо маърӯза намуданд. Мақсад аз баргузории чорабинии мазкурро муовини раиси ноҳия, ин пеш аз ҳама дар бедор намудани ҳисси ватанпарастиву хештаншиносӣ, пешгирии ҳолатҳои ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои экстремистиву террористӣ, истифодаи дурустӣ шабакаҳои иҷтимоӣ ва баланд гардидани маърифати ҳуқуқии ҷавонон арзёбӣ намуданд.
Фарҳод Маҳмудов, “Кӯшониён”