Вохӯрии роҳбарияти ноҳия бо фаъолон, раисони маҳал ва имомхатибони муассисаҳои динии ноҳия

Санаи 22 апрели соли равон, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати омодагиҳо ба ҷашнӣ 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рафти кишти баҳорӣ, сари вақт об додани заминҳои кишти пахта, нигоҳубин ва парвариши пилла, корҳои ободонию созандагӣ, риояи талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ", ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва таълимӣ динии ғайриқонунии наврасон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вобаста ба Барномаи давлатии таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” ва дигар корҳои ноҳиядорӣ, таҳти Раёсати раиси ноҳия ва бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мудирони шуъбаю бахшҳо, раисони маҳал ва имомхатибони муассисаҳои динӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Раиси ноҳия, мақсад аз ҷамъомадани ҳозиринро дар вусъат бахшидани корҳо ва дигар мушкилотҳои бавуқуъ омада, арзёбӣ намуда, оид ба маълумотҳои пешниҳод намудаи масъулини соҳаҳо мухтасар қайд намуданд. Бахусус таъкид карда шуд, ки тамоми фаъолон диққати худро ба нигоҳубин ва парвариши пахта, пилла ва дигар зироатҳои киштгардида ҷалб намоянд, зеро ки меҳнати ҳамаррӯзаи марди деҳқон беталаф ҷамъоварӣ гардад. Ҳамзамон раиси ноҳия, вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои протоколии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдрас гардида, тамоми масъулинро вазифадор намуданд, ки камбудиҳои ҷойдошта ислоҳ гардида, баҳри пешрафту таррақиёти ноҳия саҳми арзандаи худро гузоранд. Раиси ноҳия оид ба дигар масъалаҳои ҷаласаи корӣ мухтасар қайд намуда, ҳамаи ҳозиринро муввазаф намуданд, ки ҷиҳати иҷрои онҳо бетараф набуда, махсусан баҳри иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сафарбарнамудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои муссалаҳ тамоми кӯшишу ғайрати худро равона намоянд. Дар фарҷоми ҷаласаи корӣ, раиси ноҳия ба саволу пешниҳодҳои ҳозирин ҷавобҳои мушаххас гардонида, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияро вазифадор намуданд, ки бо сокинон ҳамкориро зич ба роҳ монда, тамоми арзу шикоятҳои онҳо сари вақт баррасӣ гарданд.

1_20.jpg 2_111.jpg 4_91.jpg 

“Кӯшониён”

Миёна: 3 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.