ВОКУНИШ: Хатарҳои ҷаҳони муосир, ки яке аз онҳо терроризму экстремизм мебошанд, домангири башарият гашта, хатари ҷиддиро ба Истиқлолият ба вуҷуд овардааст. Дар ин росто, ба хотири ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ кишвари мо муборизаи қатъӣ бурда, фаъолияти ҳама гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистиро пешгирӣ менамояд. Бо ин мақсад мақомотҳои салоҳиятдори давлатӣ фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои ифротию эктремистиро, ки ба амният ва сулҳу ваҳдати кишварамон таҳдид мекунад, мамнуъ намудааст. Терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон, ба ҳар як сокини сайёра таҳдид намуда, барои аҳолии осоишта хатар эҷод менамояд. Яке аз чунин гурӯҳҳои террористӣ ҲНИ мебошад, ки имрӯз номи худро дигар намуда, фаъолият карда истодааст. Ин ҳизби пароканда ва аз байнрафта фақат ба таври ангуштшумор шумораи онҳо боқӣ мондааст ва доира фаъолияташон хеле заиф гардидааст. Намояндагони ин гурӯҳ тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҷанги иттилоотиро пеша намуда, воқеаҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва дигар давлатҳоро мисол оварда, сохти давлатдорӣ ва фаъолияти роҳбарони кишварамонро зери танқидҳои беасос мегиранд. Бо ин роҳ ба дили мардум шубҳа андохта, ҳаёти осоиштаро ноором кардан мехоҳанд. Мардуми кишварамон ба ягон даъвату суханони пучи ин ифротгароён бовар надоранд ва хуб ҳам медонанд, ки ҲНИ оянда надошт ва надорад, зеро ин ҳизб кайҳо мағлубу ноком гаштааст.
Сабоҳат Неъматуллоева, Мутахассиси шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён