"МИНБАРИ МУҲОҶИР" - МИНБАРИ ИҒВОГАРӢ АСТ!

       ВОКУНИШ: Иқболи шайтонсират дар Аврупо ба монанди як далла ба рӯсиёҳиву фанду фиреб ва иғвогарӣ рӯз мебарад. Тавре, ки шодравон Ашӯр Сафар фармудааст: Пасттар аз ҷамъи пастиҳои олам даллагист, Далларо бо рӯсиёҳӣ умр бар сар бурдан аст. Ин хоини миллату давлат худро донандаи илми дину шариат гирифта, дар асл рафтору гуфтораш хилофи дини мубини ислом мебошад. Эй он касоне, ки ин хабисро ҷонибдорӣ мекунед, бо ӯ дар тамос шудаву суханҳояшро қабул медоред, боре биандешед, ки дар куҷо дини ислом фармудааст, рӯирост дурӯғ бигӯ, туҳмату таҳқир бикун, ҳақорату дашному ғайбат намо?! (Ба ёд биёрем, ки ин душманони миллат солҳои даргириҳои дохилӣ ва охирон - моҳи сентябри соли 2015 ба қатлу куштори бераҳмона даст мезаданд!) Ҳамаи ин хилофи дину шариат нест магар?! Иқболи худбохта дар шабакаи интернетии Ютуб барномаеро пеш мебарад, бо номи "Минбари муҳоҷир". Ҳар ҳафта шаби чоршанбе ба панҷшанбе гӯё, ки пахши мустақим мегузаронад. Дар нашри охирони ин барнома хостам, тамос гирифта, бо ин касиф сӯҳбат кунам. Ҳарчанд, ки занг задам, ба зангҳо ҷавоб намедод, дар бисёр ҳолат банд мекард. То ҳатто смс паёмак низ равон карда намешуд, смс паёмакҳои баъзе нафаронро дар ҷояш тоза мекарданд. Чун пештар ҳам аз "ҳиллаву найранг"- и ин барномасозон огаҳӣ доштам, боз ҳам пурра итминон ҳосил намудам, ки барномаҳои Иқболи рӯсиёҳ мустақим нестанд, коркард мешаванд! Барои он ки тарафдоронашро гӯл бизанад, нишон диҳад, ки пахши мустақим аст, гоҳ - гоҳе бо шаҳрвандони Тоҷикистон тамос гирифтаву ҳамсӯҳбат мешавад! Агар хонандаи гиромӣ, мушоҳида карда бошед, дар молбозор ҷаллобону далолони ҳамешагӣ ба хариду фурӯш машғуланд ва нафаре, ки моли худро ба молбозор мебарад, баръало ба ҷаллобон маълум мегардад, ки ин нафар бори нахуст ба бозор омадааст. Иқбол ҳам дар барномааш нафарони бегонаву бори аввал бо онҳо тамосгирифтаро зуд мешиносад! Касе, ки суханони ин палидонро ҷонибдорӣ накунаду фаҳмониданӣ шавад, ки кори онҳо хато аст, ӯро "одами ҳукуматӣ" меҳисобанду чоплусаш ном мебаранд. Дар ин ҳолат, Иқболи лаънатӣ нафарони худро ба тамос ҳамроҳ карда, дар якҷоягӣ бо чанд нафар ба таҳқиру бадгӯӣ мепардозанд. Ҳамин тариқ, барномаи "Минбари муҳоҷир"-и Иқболак ба ҷуз аз минбари иғвогарӣ ва фанду фиреб дигар чизе нест! Баъзе нафарони дар муҳоҷират қарордошта ба иғвои ин хоинони миллат фирефта шудаву онҳоро тарафдорӣ карда, қатори ин террористон ҷой мегиранду ҳаёти худро дар хатар мегузоранд ва ба касофатии онҳо рӯи Ватан ва зану фарзандонашонро намебинанд.

Ҳасан Ғуломов, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Кӯшониён

  кӯчаи Ибни Сино 3/116

Бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.png

 

Тамос бо мо

Tel: (83245) 2-12-72

Tel: (83245) 2-13-53

Email: Kadrho.Bohtar@Khatlon.Tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.